Парвандаи алайҳи нафаре, ки 800 муҳоҷирро ба хонааш “роҳ” додааст
Додситонии шаҳри Уфа алайҳи як сокини маҳаллӣ барои қайди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар манзили зисташ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ин ниҳод гуфтааст, қайди муҳоҷирони кории тоҷик дар манзили зисти сокини маҳаллӣ ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.
Ба иттилои Додситонии Уфа, ин сокини маҳаллӣ давоми шаш моҳи соли равон бар ивази маблағ 800 муҳоҷирӣ корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистонро ғайриқонунӣ дар манзили сеҳуҷрагии зисташ ба қайд мондааст. Дар ҳоле ки ҳеч кадоме аз ин муҳоҷирон хонаи ӯро надидаанд: “Бар ивази бақайдмонӣ 2 ҳазор рубли русӣ аз ҳар муҳоҷир гирифтааст”.
Ҳоло алайҳи ӯ ба иттиҳои қайди қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ дар манзили зист парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |