Хабари кушта шудани ду корманди ОМОН ва нозири БДА (АКС)
Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи имрӯз, чоруми сентябр дар гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе ду корманди ОМОН ва як нозири БДА кушта шуда, як нозири дигар ҷароҳат бардоштааст.
Дар ин бора хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манобеи худ дар мақомоти қудратӣ хабар додааст. “Дар ин ҳамла Ҷунайдулло, аъзои собиқи Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони Тоҷикистон муттаҳам мешавад, ки баъди созишномаи сулҳ ба ҳайати Вазорати мудофиа шомил гардид”,-афзудааст манбаъ.
Ба иттилои хабаргузорӣ, Ҷунайдулло чанд вақт пештар аз аттестатсия нагузашт ва аз кор хориҷ шуд: “Кормандони мақомоти қудратӣ мегӯянд, ӯ шояд танҳо набудааст”.
Манбаи “АП” гуфтааст, ин қазия ба ҳамлаи мусаллаҳона ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат рабте надорад.
Аксҳои зерро хабарнигори "Озодагон" аз маҳалли даргирӣ, воқеъ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бардоштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |