Бахшҳо
04 сен 2015 08:52Тоҷикистон / Сиёсат

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамлаи мусаллаҳона ба Шӯъбаи умури дохилии Ваҳдат аз ҷониби гуруҳи зери итоати Зиёвиддин Абдуллоев сурат гирифтааст.

Ин ниҳод бо нашри як хабари кутоҳ дар торнамои расмии худ гуфтааст, ҳамла соати 04:28-и рӯзи чоруми сентябр шурӯъ шуда, дар пайи зарбаи ҷавобии кормандони пулис “Зиёвиддин Абдуллоев ва як ҳаммаслакаш нобуд шуда, се нафари дигари ин гуруҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд”.

ВКД таъкид кардааст, ин ҳамла ба қазияи латту кӯби Умар Бобоҷонов иртибот надорад. Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар ҳам рӯзи чоруми сентябр ба “Озодагон” гуфт, наздикони онҳо ба ин ҳамла ҳеч рабте надоранд: “Ҳамаи хешу таборон дар назди ман дар беморхона қарор доранд. Писарам ҳоло ҳам дар ҳолати беҳушӣ аст”.

Умар Бобоҷонов, як сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат аст, ки ба иддаои наздиконаш аз сӯи маъмурони пулис барои ришаш латту кӯб шудааст. Ахиран бо супориши генерал-лейтенанти милиса -- Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи шахсияти Зиёвиддин Абдуллоев ва аз чанд нафар иборат будани гуруҳи ҳамлагар иттилое надодааст. Инчунин, нагуфта, ки ин ҳама хисороти ҷонӣ дар пай дошт ё на. Дар ҳамин ҳол, манбаи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, яке аз ҳамлаварон корманди пулиси шаҳри Ваҳдат буда, бо ҳамкорони худ хусумати шахсӣ доштааст. Ҳоло аз ҳалокати чор корманди пулис ва захмӣ шудани чанд нафари дигар хабар расидааст. Иттилое, ки ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар мавриди кормандони кушташуда пулис тафтишот оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидон мегӯяд, субҳи имрӯз дар гардиши фурудгоҳ низ тирпаронӣ сурат гирифтааст. Хабарнигори “Озодагон” аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур рӯи замин осори хун дида мешавад: “Сокинони ин кӯча мегӯянд, садои тирпаронӣ соати 05:15 ба гуш расид. Кормандони пулис, ки дар инҷо ҳузур доранд низ ин иттилоро тасдиқ карда, аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ намуданд”.

Дар масири Ваҳдат-Душанбе постгоҳҳо ташкил шуда, мошинҳо мавриди санҷиш қарор дода мешаванд. Як манбаи “Озодагон” гуфт, чунин постгоҳҳо дар ноҳияи Файзобод ҳам созмон ёфтаанд.


АКСҲО АЗ КӮЧАИ АЙНӢ, НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)
Мӯҳр
Точик
Абдуллоев Зиеуддин ки аст? Чи кора буд? Хохиш мекунам маълумот дихед.

Сино
аз душанбе
Хами сахар рам садои тир шунидем хавотир шудем дар душанбе

озод
то вакте Ислом хаст дар дунё ноороми боки хохад монд. Вакти он расидааст ки дини нав ихтироъ кунем, ки максадаш одамият бошад

ш. Душанбе
ЭЙ МАРДУМ ШУКРОНАИ ТИНЧИЮ АМОНИРО КУНЕД. БО ШАРОФАТИ ЧАНОБИ ОЛИ ЗИНДАГИИ ОСУДА КАРДА ИСТОДАЕД. ШУКРИ ИН ВАТАНИ ОБОДРО КУНЕД! ШУКРИ САРВАРИ ХАМХОРРО КУНЕД!!!

tema
Ахирш гуноха дар калаи мулло Зиёвуддин заданд ку охир вай худаш началник углаловни розски вахдат бд

Kishvar
Az mujofoti amal gofil mashav!!!,
Gandum az gandum biruyad jav zi jav!!!


Як аксро чанд маротиба такроран мондан чи маъни дорад?

Вохима накун озодагон намедонед як хабара чи хел расонед

ГУШНАГИЮ БЕКОРИ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМУ ДИИШ ХАТАРНОКТАР АСТ. ИНРО БОЯД ХУКУМАТ БА НАЗАР ГИРАД!

Задухурд соати такрибан 4:30 шуруъ шуд чун ман шахсан дар ҳамин вакту соат садои тирро шудам як муддат овози тир садо дод ва бо пас аз 10 ё 20 дакика садои тир баланд шуд.

часур
Озод не гулом. Ин чи гуна сухан аст ту дини нав ихтироъ мекуни аз Худо битарс.

ш Душанбе
Ба дин ислом сару кор нагиред.....Хоишмандем

Мир
Цитата: озод
то вакте Ислом хаст дар дунё ноороми боки хохад монд. Вакти он расидааст ки дини нав ихтироъ кунем, ки максадаш одамият бошад

Аввал Исломро омуз, баъд худат икрор мешави, ки ягона дини максадаш одамияту сулху субботу адолат ин Ислом аст.

ОДАМ КИ ГУМРОХ ШУД БА ХАМА КОРХО ДАСТ МЕЗАНАД.ЭЙ МИЛЛАТИ СОХИБВАТАН БА КАДРИ СУЛХУ АМНИЯТ ПЕШ АЗ ЗАВОЛАШ БИРАСЕД.ДАР ХАДИСЕ АЗ РАСУЛИ АКРАМ МУХАММАД (С) ОМАДААСТ:"ДУ НЕЪМАТЕСТ БО ВУЧУДИ АРЗИШИ ВОЛОЯШОН МАРДУМ АКСАРАН ОНРО НАМЕШНОСАНД ВА КАДРДОНИ НАМЕКУНАНД:САЛОМАТИИ БАДАН ВА АМНИЯТИ ВАТАН". ИН ХАДИС АЗ ДУ НЕЪМАТИ ИЛЛОХИ ТАЪКИД МЕКУНАД.ЯЪНЕ САЛОМАТИИ ХАР ЯК ИНСОН ВА СУБОТУ АМНИЯТИ ХАР ЯК КИШВАР.ИМРУЗ БАДХОХОНИ МИЛЛАТ ДАР САРИ РОХИ МО ДОМХОИ ЗЕЕДЕРО ГУЗОШТААНД,КИ РАНГОРАНГУ ФИРЕБАНДААНД.ПАС КУШИШ НАМОЕМ КИ ФИРЕФТАИ ДАСИСАХОИ ОНХО НАГАРДЕМ. ВА ШУКРИ ОРОМИИ ЧОМЕАИ ХУДРО НАМОЕМ.МАГАР ВАЗЪИ СУРИЯ,ИРОК,ЛИБИЯ,УКРАИНА ВА ГАЙРА БАРОИ МО ДАРСИ ИБРАТ НЕСТ?АГАР ХАМИН ХЕЛ НОФАХМИХО ДАР МИЕНИ МАРДУМИ МО ДАВОМ ЕБАД ОЯНДАИ ТОЧИКИСТОН БА МИСЛИ КИШВАРХОИ ДАР БОЛО ЗИКРШУДА АСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)