Ифшои шиносномаҳои қалбакии Занҷонӣ баъд аз радди Зарифӣ

Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи парвандаи Бобак Занҷонӣ аз ифшо шудани се шиносномаи қалбакии ин миллиардери боздоштшудаи эронӣ дар Теҳрон хабар додааст.
Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Занҷонӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, “ин тоҷири эронӣ ҳадди ақал се шиносномаи қалбакӣ доштааст”. Ба гуфтаи ӯ, масъулини Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Занҷонӣ инчунин асноди наверо дарёфт кардаанд, ки бар асоси онҳо мешавад, ҳисобҳои молии ин тоҷири эрониро дар хориҷ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва Малайзия пайдо кард: “Ин асноди бадастомада бисёр муҳиманд ва метавонанд, масири парвандаи Занҷониро тағйир диҳанд”.
Ифшои шиносномаҳои қалбакии Занҷонӣ дар ҳолест, қаблан хабарҳое дар мавриди шиносномаи тоҷикӣ доштани ин миллиардери эронӣ дар расонаҳои дохилии Тоҷикистон нашр шуда буд. Хабарнигори “Фараж” дар як суҳбати ихтисосӣ аз Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон суол кард, “хабарҳое паҳн шудаанд, ки маҳз дар давраи вазирии шумо Бобак Занҷонӣ соҳиби шиносномаи хидматӣ шудааст ва ин шиносномаро Шумо ба ӯ тақдим кардаед?” Зарифӣ дар ҷавоб гуфт, “ин иддао асос надорад. Дар давраи вазирӣ ман умуман ба чунин корҳои ғайриқонунӣ даст назадаам. Шояд барои Занҷонӣ дар ягон ҷо шиносномаи қалбакӣ сохта дода бошанд”.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.
Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист.
Аммо Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ ҳафтаи пеш ин баҳсро дубора зинда карда, дар суҳбат бо хабаргузории “НомаНюз” гуфт, барои гирифтани санади қалбакӣ ба масъули воломақоми Бонки миллии Тоҷикистон се миллион доллар ришва додаст ва ба гуфтаи ӯ, Занҷонӣ ин маблағро ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон дода, аммо мушаххасан аз порагир ном набурд ва Бонки миллии Тоҷикистон низ дубора бо пахши як изҳорот ин иддаи мақомоти тафтишотии Эронро беасос хонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |