Ин дар ҳолест, ки прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, нисбати мудири кулли ширкати «ТК- мобайл» - Сюн Няншен, аз рӯи моддаи 363 – и Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст.
Тавре аз прокуратураи ноҳияи Сино ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, Сюн Няшен дар иҷро накардани ҳалномаи суди ин ноҳия оиди барқарор кардани Ҷамшед Иброҳимов, ба ҷои кораш дар «ТК – Мобайл» муттаҳам мекунад. Манбаи хабар изҳор дошт, ки дар назар аст, то охири моҳи ҷорӣ парванда ба суд ирсол гардад.
Суди ноҳияи Сино моҳи июни соли ҷорӣ қарор баровардаст, ки Ҷамшед Иброҳимов, собиқ муҳандиси шӯъбаи техникии «ТК – Мобайл» ба ҷои кори аввалааш барқарор шавад.
Аммо Ванг Чун Жуй мегӯяд, Иброҳимов дар асоси ба охир расидани шартномаи меҳнатиаш аз кор озод шудааст: «Аммо вақте судбозиҳо оғоз шуданд мо натавонистем, нусхаи асли шартномаро пайдо созем. Бино ба ин ҳалномаи суд ба манфиат мо нашуд. Аммо сарфи назар аз ин чун ҳалномаи суд аст, мо омодаем онро иҷро намоем».
Монеаъи иҷро нашудани ҳалномаи судро Ванг Чун Жуй худи Иброҳимовро меномад, ки сарфи назар аз дархостҳояшон ба ҷои кор дар «ТК –Мобайл» ҳозир нашудаст: « Бо вуҷуди ин мо 13 –уми октябр фармони барқарор кардани Иброҳимовро ба ҷои кори пешинааш баровардем ва вай метавонад, корашро ба ҳайси муҳандиси шӯъбаи техникии «ТК – Мобайл» давом диҳад».{jathumbnail off}
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |