Сайфуллозода: ҲНИТ ҳизби мардумӣ аст ва мо бо дасти худ фаъолияти онро қатъ намекунем
Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, огоҳиномаи Вазорати адлия мавриди баррасиву омӯзиши раҳбарияти ҳизб қарор дошта, ба он посух дода мешавад.
28 август Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як огоҳинома унвонии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз роҳбарияти ин ҳизб қатъи фаъолияти ба гуфтаи ин ниҳод ғайриқонуниашро талаб намуда, барои посух ба онҳо даҳ рӯз муҳлат дод. Оқои Сайфуллозода дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар огоҳинома ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” ишора шудааст, аммо ҲНИТ ҳеч фаъолияти ғайримуҷозе надорад: “Бо ин гуфтаниянд, ки аслан фаъолияти хешро қатъ кунед. ҲНИТ як ҳизби мардумӣ аст ва мо бо дасти худ фаъолияти онро хотима намедиҳем. Ҳизб дар доираи Конститутсия ва дигар қонунҳои кишвар фаъолият дорад”.
Ба қавли ӯ, шояд аз қабл ҳукми суд ҳам барои қатъи фаъолияти ҲНИТ содир шудааст: “Шояд интизоранд, ки мо посухи огоҳиномаи Вазорати адлияро бидиҳем. Фарқ надорад, ки он посухро мо 5-ум медиҳем ё дар рӯзи ниҳоии муқарраркардаи вазорат. Дар кадом рӯзе посух бидиҳем, эҳтимоли зиёд аст, ки аз қабл қарори суд таҳия шуда бошад”.
Бо вуҷуд, ин фаъоли ҳизби наҳзат меафзояд, онҳо барои баргузор кардани анҷумани худ омодагӣ доранд ва онро дар чорчуби қонун доир хоҳанд кард. Ӯ даъвои Вазорати адлияро, ки мегӯяд, фаъолияти бахшҳои ҲНИТ дар 58 ноҳия қатъ шудааст, бепоя мехонад: “Ҳадди ақал метавонам бигӯям, ки дар 46 ноҳия бахшҳои мо фаъоланд”.
Қаблан, ҲНИТ эълон карда буд, анҷумани навбатияш рӯзи 15 сентябр баргузор мешавад. Ба дунболи нашри ин хабар ба дари қароргоҳи марказии ҳизб муҳр зада шуд. Далели он ба баҳси ҳалношуда сари биное гуфта шуд, ки қароргоҳи ҳизби наҳзат ҷойгир аст.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода мегӯяд, агар мақомоти судӣ тасмими қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро содир кунад, рӯзе хоҳад омад, ки дубора барои фаъолияти он иҷозат бидиҳад: “Мисле, ки соли 1992 фаъолияти ҳизбро қатъ карданду дар соли 1997 худашон иҷозат доданд. Ҳоло маълум нест, ки ин кор кай сурат мегирад, баъди як сол ё баъди даҳ сол”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |