Истеъфои президенти Гватемала дар пайи эълони ҳукми ҳабсаш
Отто Перес Молина, раисҷумҳури Гватемала баъд аз эълони ҳукми боздошташ ба иттиҳоми фасоди молӣ аз мақоми худ истеъфо додааст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Гватемала рӯзи 3 сентябр хабари истеъфои Отто Перес Молинаро нашр кардааст.
Ин дар ҳолест, ки шоми 2 сентябр масъулини Додситонии кулли Гватемала аз ҳукми боздошти раисиҷумҳури ин кишварро эълон карда, гуфтаанд, ӯ дар робитаҳои ғайриқонунӣ ва хилофкориҳои гумрукӣ муттаҳам мешавад.
Субҳи 2 сентябр парлумони Гватемала бо аксарияти оро масунияти қазоии Отто Перес Молина-ро бекор карда, барои ҳабси ӯ иҷоза дода буд.
Отто Перес Молина, генерали бознишастаи 64-сола дар интихоботи раёсатҷумҳури Гватемала соли 2011 пирӯз эълон шуда, фаъолияти худро ба ҳайси президенти ин кишвар моҳи январи соли 2012 оғоз кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |