Бахшҳо

ВИДЕО: Ҳафт "муъҷиза"-и Ҳафткӯли Тоҷикистон

Ҳафткӯл аз мавзеъҳои зебои Тоҷикистон аст, ки ҳар бинандаро мафтун мекунад. Ҷамшед Шоев, хабарнигори тоҷик ахиран аз ин минтақа дидан кардаву навори хубе таҳия кардааст. Ӯ ин наворро дар ихтиёри “Озодагон” гузошт ва мо онро пешниҳоди хонандаи азизи худ мекунем.



МАЪЛУМОТ АЗ ВИКИПЕДИА

Ҳафткӯл аз силсилакӯлҳои мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда, дар куҳистони Фон, қаторкуҳҳои Зарафшон воқеъ аст. Кӯҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кӯлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст. Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад. Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст. Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад.

Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад. Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст ва тамошои кӯлҳои баландтар душвортар аст, зеро роҳи он мушкилгузар аст. Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад. Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонӣ медиҳад. Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад.

Дар бораи пайдоиши кӯлҳои мазкур ривояте мавҷуд аст, ки замоне дар ин дара оҳангаре сукунат доштааст, ки соҳиби 7 духтари нозанине будааст. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро дида, ба ӯ ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ буд, ки ӯро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки ҳамсари ин марди пир гардад. Ва духтари зирак ба чунин қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ӯ ҳеҷ гоҳ баромада наметавонад, Ҳокими солхӯрда гӯё аз нерӯи ишқ болу пар гирифта бошад, ки шарти гузоштаи духтари оҳангарро дар зарфи 40 рӯз ба ҷо оварда, як қасри зебои тиллоие бунёд намуд. Духтари ҷавон чораи дигаре наёфта, дар рӯзи тӯй бо либоси арӯсӣ аз боми қаср худро ба замин меафканад ва ҷон медиҳад. Гӯё дар ҷойи фавти ӯ кӯли Мижгон пайдо шуда, кӯлҳои дигар аз ашки хоҳарони ӯ ба вуҷуд омадааст.

Ривояти дигар ҳамин, ки дарёчаи Шинг беҳад беқарору шух будааст. Ҳеҷ намехоҳад байни кӯҳҳо ором ҷорӣ шавад. Аммо ин ба кӯҳҳо намефорад ва дарёчаро сарзаниш мекунанд ва пеши раҳашро мебанданд. Акнун ба дарёча лозим меояд, ки дар ҳафт ҷо таваккуф карда, баъдан ба водӣ ҷорӣ шавад. Ҷиҳати илмиш бошад, онро ба заминларза вобаста медонанд, ки дар натиҷа дар чанд ҷойи шингдарра кӯчиши кӯҳ анҷом мешавад ва пеши раҳи дарёча баста мегардад. Ин ходиса айнан монанд аст ба хаводиси кули Сарез ва ё Искандаркул.

1)МИЖГОН НОМ ДОРАД КУЛИ АВВАЛ. Аз ҷиҳати сохт ва шакл ба мижгон ҳеч рабте надорад, аммо дар зебоӣ аз он зеботар мебошад. Нисбат ба кулҳои баъди садранг асту хеле соф. Вобаста бо вазъи боду ҳаво ранги бунафш, нилоби сурх, кабуд ва дигар рангҳоро низ мегирад. Нисбат ба дигар кулҳои Шингдара дар поёноби дарё аз сатҳи баҳр дар баландии 1596 метр вокеъ аст. Аз эҳтимол дур нест, ки чанд бор вайрон ҳам шудааст. Ҷуқурии кули Мижгон ба 20 метр мерасад ва дар 0,05 км мураббаъ масоҳати худро ҷой кардааст.

2) КУЛИ НАВБАТӢ СОЯ УНВОН ГИРИФТААСТ, ки номаш бо вижагиш ҳамрадиф аст. Дар андаки рӯз кулро соя зер мекунад ва ранги кул тиратоб мешавад. Атрофи ҳар кулро чанд деҳае печондааст, аммо шояд аз камзамини бошад мардум гирди Сояро ҳамчу маскан барои худ написандидаанд. Кули Соя аз сатҳи баҳр дар баландии 1700 м ҷойгир шуда, 100 метр паҳни дорад. Мардум мушоҳида кардаанд, ки ин парранда ҳар субҳу шом аз кули якум то кули ҳафтум ва баръакс парвоз карда ҳамаи кулҳоро аз тор назорат мекунад.

3) КУЛЕ, КИ БАР БА БАРИ КУЛИ СОЯ ҶОЙ ШУДААСТ, ҲУШЁР МЕБОШАД. Аз ин кул мардуми деҳаи Гурдара истифода мекунанд. Новобаста ба ном воқеан ҳам ин дара ғарки гул будааст ва гулистонеро мемонад. Якбора чанд намуди зиркро аз ин дара ҷамъовари кардан мумкин аст. Мардуми деҳоти гирду вано тиррамоҳ ба Гурдара барои зиркгункунӣ мефуроянд ва ин шуғли асосии эшон дар ин фасли сол мегардад. Ба зебоии Гурдара кули Ҳушёр ҳусни хосро зам кардааст. Ранги кули Ҳушёр бо кабудиш андак аз кулҳои дигар тафовут дорад, зеро рӯшантар аст.

4) НОФИН - КУЛЕСТ ПУР АЗ МУАММО, сир ва ривояту устураҳои қадима. Ранги ин кул сурх аст ва ривоят ҳам аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Ва акнун ҳамин тавр ҳар ҳафта ранги кул моил ба сурхи мекардааст. Мардуми маҳалӣ чандин бор инро мушоҳида кардаанд. Нофин маънои мобайн ва ё худ марказро дорад. Болои он деҳаи Рарз ҷойгир мебошад. Мавқеъи географии Рарз шароит муҳайё кардааст, то марҳилаи аввали асримиёнаги ин мавзеъ чун минтақаи назорати интихоб шавад. Тобеъи Панҷакенти қадим будааст. Ҳокимони Суғд аз Самарқанду Бухоро барои фароғат ва истироҳат ва фориғ шудан аз ташвиши корҳои давлатдорӣ меомадаанд. Ҳоло ҳам агар гузари нафаре аз сайёҳон ба ин ҷо афтад, пеш аз тамдиди роҳи сафар дар Рарз таваккуф мекунанд. Кули Нофин аз сатхи бахр дар баландии 1179 м ҷойгир шудааст. Андозаи кул 0,58 км мураббаъ масохат дорад. 2750 м тул мекашад, бараш кариб, ки 182, чукуриш 41,3 аст. Хадс мезананд, ки Оби он кариб ба 6 млн. мукааб мерасад. Гурунтош муйсафеди махали замоне ба ин чо моҳи аз қабили гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ овардааст ва аз ҳамон вакт кули Нофин шикоргоҳи моҳии сокинону сайёҳон шудааст.

5) ОБИ НОФИН АЗ ҲИСОБИ НАҲРЧАИ АНГОР ПУР МЕШАВАД, ки аз кули панҷум Хурдак мерезад. Ин кул бо исмаш ҳамтавмаъ мебошад, зеро дар байни ҳама кулҳо кучактар аст. Як бор дар ин кул нерӯгоҳ ҳам сохтаанд, ки тамоми дараи Шингро бо барқ таъмин мекард. Кули Хурдак аз сатҳи баҳр дар баландии 1183 м ҷой гирифта 240 м дарозӣ ва 0,06 км мураббаъ масоҳат дорад. Табиати ин ҷо то ҳадде нотакрор аст, ки гул даруни санг ҳам ҳоким аст.

6) БЕ ЯГОН МУШКИЛӢ ТО КУЛИ 6-УМ, ЯЪНЕ КУЛИ МАРҒЗОР РАСИДЕМ. Ин кул нисбат ба дигар кулҳои ҳафтгона калонтар аст. Дар баландии 2139 178 метри мурабаъ об гирифтааст. 2650 м тул мекашад. Шоҳидон мегуянд, ки дар гузашта сатҳи об боз ҳам баландтар будааст ва аз сабаби боло шудан аз даргот сатҳи он 25 метр коҳиш ёфтааст. Дар аёми баҳору тобистон гирду атрофии он аз ҳисоби гулу гиёҳҳо кабуди кабуд мешавад, аз ин хотир онро Марғзор номидаанд. Ҷои писандидаи сайёҳон аст. Мардум дар болои он деҳаи оби ҳайёт ва канораш деҳаи Чакиро обод кардаанд. Аз ин кул пулакчамоҳи шикор кардан мумкин аст.

7) ОБ БА ДОХИЛИ КУЛИ ҲАЗОРЧАШМА АЗ ДУ ТАРАФ АЗ ДАРАХТИ СУРХ ВА МАРҒЗОР ҷорӣ мешавад. Эҳтимол аз сабаби сард будани об ғайр аз курмоҳи дигар намуди ҷонварони зериобӣ зиндагӣ наметонанд бикунанд. Ин кул дар дараи нисбатан васеъ ҷойгир аст. Ин аст, ки сокинони маҳаллаҳои поёни Оби ҳаёт, Сари сангпул, сойи Марғзор ин мавзеъро тобистони дароз – аммо ин ҷо он на он қадар дароз аст, ҳамчун чарогоҳ истифода мебаранд. Ҳатто оғилҳои худро дар ҳамин ҷо бунёд кардаанд. Кули Ҳазорчашма нисбат ба дигар кулҳо сабуру ором аст ва рангаш сиёҳчатоб мебошад. Ҳамин тавр ҳама кулро дидем. Таассурот олист. Аҷиб он ки аз Ҳафткул танҳо кули Марғзор ва Ҳазорчашма дар фасли дай ях мебанданд ва барои мардум ҳамчун пул хидмат мекунанд. Обдави ин кулҳо моро мутахаййир кард. Яъне аз кули 7-ум ба кули 6-ум об ба таври муқаррарӣ тавассути дара ҷорӣ мешавад. Кули 6-ум обрав надорад ва поёноби он гум мешавад оби он бо тайи замин ба кули 5-ум мерезад. Болои он мардум хона андохтаанд. Ва ин раванд то кули поёни айнан ҳамин хел идома меёбад. Хуллас омилҳои зиёде хастанд, ки меҳмонони дохили чи ки сайёҳони хориҷиро ҳам ҷалб кунад.
Мӯҳр
Озодагон дар кадом минтика чойгир аст, ин кулхо???

Salom salom, makola biser purmazmun ast ammo kalimai kalidi yane makoni joigir shaviro boyad dark mekunonded!!! In mujiza dar shahri Panjakent joigirast. Roma,
Roma,
Roma,

салом бародарони азиз ин кулхои зебоманзар дар шахри Панчакент аниктараш дар дехаи шинг чойгир аст. бехтарин моххои истирохати аз охири июл то байни сентябр аст. дар байни кули чорум чои истирохатгохи хуб чойгир аст. чои хоб пухтупази хурок дорои хамаи шароитхо мебошад. нархи хизматрасониашон хам гарон нест. мархамат ба хафткули зебоманзар.Roma,

Панчакент
Дар нохияи Панчакент чойгиранд

Мӯҳтарам Ҷамшед Шоев,

маълумот оид ба Ҳафткӯли афсонавӣ барои ман маъқул шуд. Ана ҳамин хел хабарҳои хубро дар бораи табиати кишвар бештар ба табъи аҳли ҷомеа расонед. Ман, то ҳоло таассуроти хеле бойро дар бораи ин мавзеи поку табиаташ афсунгар дар хотир дорам.

Барори кор.

Салом, мохи август мо хамрохи кормандон ду рузи истирохатиро дар сохили хафткул, аниктараш кули хафтум гузаронидем. Чи истирохати хотирмоне, тамоми умр аз ёд намеравад.

Сино
Агар рости гапро гуем Хафткул он кадарчолиби диккат нест. Гайр аз санг дигар чи дорад. Ман аз Панчакент. манзараи Хафткул хеч гох ба табиатиРомиту Рашт, Нурободу Тавилдара баробар шуда наметавонад. Мавзеи зебо дар Панчакент кули Калон мебошад, ки он дар дехаи Яккахона чойгир шудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)