Истеъфои вазири умури хориҷии Приднестрове барои издивоҷ бо президент
Штански Нина Викторовна, вазири умури хориҷии Приднестрове барои издивоҷ бо Евгени Шевчук, раисҷумҳури ин кишвар аз мақоми худ истеъфо медиҳад.
Евгени Шевчук, раисҷумҳури Приднестрове дар як нишасти хабарӣ аз ин тасмими ҳамсари ояндааш хабар додааст.
Раисҷумҳури Приднестрове гуфтааст, “хонум Нина барои бонуи рақами 1 шудан аз вазифаи вазирии умури хориҷии Приднестрове истеъфо медиҳад ва албатта дар оянда вазифаи дигареро ишғол хоҳад кард”.
Штански Нина Викторовна 38 сол дошта, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Приднестрове дар риштаи ҳуқуқшиносӣ мебошад. Бо як фармони раисҷумҳури Приднестрове моҳи январи соли 2012 вазирии умури хориҷӣ таъйин шуда, моҳи ноябри ин соз курсии муовини раиси ҳукумати ин кишвар низ дар ихтиёраш гузошта шуд. Қаблан ба ҳайси намояндаи вижаи раисҷумҳури Приднестрове кор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |