Бахшҳо

Ширкати Э.Раҳмон дар гузашти низомӣ ба муносибати 70-солагии анҷоми ҶДҶ (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи 3 сентябр дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 - солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар маркази шаҳри Пекин доир гардид, ширкат намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, дар макони асосии баргузории чорабинии идона - майдони Тянанмэн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳоро Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин истиқбол гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин чорабинӣ сарони беш аз 25 давлат ва роҳбарону намояндагони воломақом аз созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок доштаанд.

Ба иттилои манбаъ, Си Ҷинпин Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро барои тамошои паради ҳарбӣ ба минбари ҳукуматӣ дар майдони Тянанмэн даъват намуда, ҳозирин ва тамоми мардуми Чинро бо анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табрик намудааст .

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар гузашти низомӣ ҷузъу томҳои 7 округи ҳарбӣ, флоти ҳарбии баҳрӣ, неруҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ, политсияи мардумӣ ва аввалин маротиба собиқадорони артиши дуюми хушкигард, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, ширкат варзидаанд. Тибқи иттилои манбаъ, дар паради ҳарбӣ нахустин маротиба ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистон, Русия, Муғулистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Ба иттилои дафтраи матбуоти раисиҷумҳур, Тоҷикистонро дар ин чорабинии тантанавӣ як ҷузъи полки комендантии Вазорати мудофиа таҳти роҳбарии полковник Илҳом Махсумов намояндагӣ кардааст: “Таърих гувоҳ аст, ки барои ба даст овардани ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷавонмардони тоҷик ҳам корнамоиҳои зиёд нишон додаанд. Бинобар ин бо нишони ҳамдилӣ низомиёни тоҷик дар қатори намояндагони Чин ва дигар кишварҳо дар паради ҳарбӣ фаъолона иштирок карданд”.

Намоиши чархбол ва тайёраҳо дар гузашти низомӣ


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)