Бахшҳо

Бедаракшавии Ҷаҳонгири донишомӯз: Барои дафтару қалам рафта буд...

Ҷаҳонгир Насриддинов, донишомӯзи 15-сола аз шаҳри Душанбе чаҳор рӯз мешавад, бедарак шудааст.

Пайвандони Ҷаҳонгир дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, субҳи 31 август барои хариди дафтару китоб аз хона берун рафта, то ҳол барнагаштааст.

Ҷаҳонгир Насриддинов зода ва сокини маҳаллаи 63-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. Наздикони ӯ аз сокинони кишвар даъват доранд, агар дар бораи макони будубоши вай маълумоте доранд, бо рақамҳои 937358270 ва 901178522 тамос гиранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан волидайни Идимоҳ Давлатова, донишомӯзи синфи 2 аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҳам аз бедарак шудани фарзанди худ хабар дода буданд. Онҳо дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, Идимоҳ Давлатова рӯзи 20 июли соли равон аз назди бозори марказии ноҳияи Хуросон ғайб задааст. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, Идимоҳ Давлатова он рӯз назди модари худ ба бозор омада, ҳангоми бозгашт ба хона бедарак шудааст. Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Хуросон хабари бедарак шудани донишомӯзро тасдиқ карда, гуфт, ҷустуҷӯи ин духтарак идома дорад ва бо гузашти беш аз 40 рӯз ҳатто фарзияе низ дар мавриди куҷо будани ӯ рӯи даст надоранд.
Мӯҳр
Ҳоҷи
Ҳамкасбони мӯҳтарам, аққалан талаба ва ё хонанда гӯед. Охир дар забон ҳамин калимаҳо ҳаст ку, чаро "донишомӯз" гуфта мардумро ба иштибоҳ меандозед? Агар маъқулатон нашуд, узр....

Шахрванд
Аз хамин редаксия илтимос, як махзани маълумот дар бораи гумшудагон тартиб дихед ва онро харруз бо пайдо шудани чунин хабархои шум дар дилхох васоити ахбори оммаи кишвар пурра намоед. Охир шахс гаштаю баргашта тахлил намуда, ба хулосае меояд, ки барои кишваре чун Точикистон бо ахолии 8 миллион нафарааш ин ракамхо хеле калон ва хатарзоянд. Хусусан, бо дар назардошти урфи мардуми мо, ки дар аксари макон мардум якдигарро мешиносанд ва ингуна холат набояд ба вукуъ пайвандад. Манзури банда ин ки наход бо ингуна рафтуо чунин шумораи азим бедарак гайб зананд. Ин фактхо, ки аз чониби шумо чамъовари шуданд, мешавад ба идорахои марбута гушзарб зад, ки эй волихо ин вазъ ташвишовар аст, шояд он замон аз дигар тартиби кор пеша кунанд.

фарҳат
Ҳамин рӯз ин эълонро дар дасти ронандаи хатсайри №52 дидам. Ронанда иброз медошт, ки Ҷаҳонгир пулчинакӣ нақлиёти ӯ будааст.

Абдуллоҳ
Ҳоҷи,
мардуми босавод ҳеҷгоҳ аз вожаи тоҷикии асил ба иштибоҳ намераванд
аммо талаба ва хонанда яке арабӣ ва дигаре калимаи бисёр дар сатҳи паст сохташудаи даврони Шуравист ки аз забонҳои русӣ ва узбакӣ ки асос ва нуфузи зиёд дар забони мо доштанд гирифта шудааст
ҳамаи онҳое ки забони ноби тоҷикиро намефаҳманд хеле зуд бо ҳамин баҳонаи эронча ва авғонча(ҳол онки ҳамон пасванди ЧА узбакист) тоҷикони асил ва гуяндагони забони асилро мутаҳам мекунанд!!!
ЗАБОНРО ЁД ГИРИФТАН ДАРКОР ДИГАР ШУРАВӢ БАРНАМЕГАРДАД ВА ДИГАР ТОШКАНД ҲОКИМИЯТ НАМЕРОНАД БА МО(АЛБАТТА ЯК СОЛИ АХИР ДУБОРА БА МАШВАРАТЧИИ МО ТАБДИЛ ШУДААСТ КИ ОСОРАШРО ДАР КУЧАВУ БОЗОР МЕБИНЕМ - ИҶРОИ СЕНАРИЯЕ КИ КАРИМОВ 10 СОЛ ПЕШ ДАР ҶОМЕАИ УЗБАКИСТОН ИҶРО КАРД )

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)