Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзати исломӣ – ҳизби умдаи мухолифи кишвар ва ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ огаҳӣ дод, давоми даҳ рӯз ба фаъолияти ба гуфтаи ин ниҳод ғайриқонунии худ хотима бахшад. Ахиран, дар расонаҳои ҳукуматӣ хабару гузоришҳои ба истилоҳ “анти-коммунистӣ” шурӯъ шудааст. Бо назардошти ин “Озодагон” аз коршиносон суол кард: БА НАЗАРИ ШУМО ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ЯККАҲИЗБӢ АСТ?
Рашид Ғанӣ АБДУЛЛО, сиёсатшинос
Кӣ медонад, ки чӣ мешавад? Ғайр аз ҲНИТ дигар ҳизбҳо низ ҳастанд, аз нуқтаи назари қонун яккаҳизбӣ намешавад. Шояд, ки Ҳизби коммунистии Тоҷикистон обрӯе, ки пештар дошт, ҳоло надошта бошад, вале арзи вуҷуд дорад.
Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос
На, фикр накунам ҳукумат роҳ ба сӯи яккаҳизбӣ гирифтааст. Аз лиҳози сиёсӣ яккаҳизбӣ ба нафъи ҳукумат нест: имиҷи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ коста хоҳад шуд, ки ин дар навбати худ, ба коҳиши сармоягузории хориҷӣ оварда мерасонад. Вале ҳадаф метавонад "бисёрҳизбии кисагӣ" бошад. Яъне, аҳзобе ки сиёсати мустақил доштанд, бояд аз арсаи сиёсат раванд ва ҷои онҳоро ҳизбҳои "киссагӣ" бигиранд. Каме баъдтар, шояд навбат ба ҳизби Раҳматилло Зоиров (Ҳизби сотсиал-демократӣ) расад ва пас аз он - ВАО-и мустақил. Дар ин давраи ниҳоят ҳассоси бӯҳрони иқтисодӣ, ки Тоҷикистон ба он ворид шудааст, ҳукумат ба хотири нигаҳ доштани субот (яъне қудрат) бояд аз рақибони фаъол ва неруманди худ "халос" шавад ва ин ҳама валвалаҳои зиддикоммумнистӣ ҷузъе аз ҳамин нақша мебошанд.
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар
На! Ояндаи Тоҷикистон ва ҳеч кишвари дигаре яккаҳизбӣ нест. Замони яккаҳизбӣ кайҳо гузаштааст ва баргаштан ба он ғайриимкон асту кушишаш беақлист. Ҳатто замони як ҳизби асосиву чанд ҳизби кисагӣ ҳам гузаштааст. Онҳое, ки дар ин орзу ҳастанд, хобашонро ба об гӯянд. Бо фишору таъқибу таҳдиду туҳмат ба ҳошия рондани як ҳизб ҳанӯз маънии онро надорад, ки ҳукумат пирӯз шудааст. Ба хусус, агар ин ҳизб мардумӣ бошад. Баръакс, ин дарак аз шикасти ҷуброннопазир медиҳад. Ман намефаҳмам барои чӣ ба ҳизби коммунист часпидаанд, чун ин кушишашон ба кушиши террори мӯйсафеди дар ҳоли марг мемонад, аммо дар саҳна будани ҲНИТ умри ҳукуматро тӯлонитар мекард, ки худашон нахостанд. Ва ҳатман рӯзе пушаймон хоҳанд шуд. Аммо ҲНИТ бурде кард, ки дар сурати машруъият доштанаш дар Тоҷикистон шояд дар даҳ соли дигар ҳам намекард.
Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Яккаҳизбӣ намешавад. Ҳизбҳое, ки онҳоро ҳизбҳои “кисагӣ” мегӯем, ҳамоно боқӣ мемонанд. Он ҳизбҳое, ки нисбатан ба ташкилотҳои мухолифин монандӣ доранд, барҳам мехуранд. 5-6 ҳизбе, ки аз ҷумлаи ҳизбҳои мухолиф нестанд, боқӣ мемонанд, дигарҳо барҳам мехуранд.
Саидҷаъфар ИСМОНОВ, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон
Аввал бояд фаҳмид, ки Вазорати адлия дар асоси чӣ ба Ҳизби наҳзати исломӣ огаҳӣ додааст ва дигар ин ки ин кори мақомоти қудратӣ аст, ки имунитети давлатро ҳифз кунад. Дар мо муд шудааст, ки агар камбуди касе гуфта шавад, ҳатман ӯ мегӯяд, ки ба ман фишор меоранд. Хуб, пас чӣ сохторҳои қудратии давлат кор накунанд? Давлати мо ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ аст ва демократияро бояд дар корҳои хуб истифода кард, на корҳои бад. Давлат ҳар коре мекунад, барои он асос дораду онро аввал асоснок мекунад. Ҳамаи мо медонем, ки пайравони ҷараёни Салафия қасди ташкили хилофатро доранд ва дар интихоботи парлумони соли равон дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фархор якчанд салафӣ аз тарафи ҲНИТ номзадии худро барои вакилии маҳалллӣ пешниҳод карданд. Хуб, инҷо саволе ба миён меояд, ки миёни ҲНИТ-у ҷараёни Салафия чӣ умумият аст? Ин асосе аст, ки ман бо чашми худам дидаам. Дар ҳоле ки ҳама инро медонанд. Аммо хап мекунанд. Як тарафро мегӯянду тарафи дигарро намегӯянд. Дар Амрико ҳам ду ҳизб фаъолият дорад. Дар ҳоле ки онҳо аз мо хеле боақлтару дар соҳаи хоҷагии халқ ва имкониятҳои давлатдорӣ пешрафтатаранд. Демократия маънои онро надорад, ки дигар ҳар касе хост, дар “поворот”-е як ҳизб таъсис диҳад. Ҳизби коммунистии Тоҷикистон як ҳизби куҳнаи боқимонда аз даврони Шӯравӣ аст ва албатта дар ин ҳизб мо мебинем, ки бисёр шахсони солхурда вуҷуд дорад ва бояд гуфт, ин Ҳизби коммунист дигар асту он ҳизби коммунистии даврони Шӯравӣ дигар мебошад. Чун мо ҳоло дар дигар давлат зиндагӣ мекунему талаботи он дигар аст. Вале дар фаъолияти он ман шахсан ягон навъи камбуд надидаам.