(ВИДЕО) Хадамоти оташнишонӣ: Сабаби сӯхтор дар Душанбе “балони газ” будааст
Хадамоти оташнишонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон далели сар задани сӯхтор дар як бинои нуҳқабатаи шаҳри Душанберо “балони газ” мегӯяд.
Як масъули ин ниҳод имрӯз, 3 сентябр ба “Озодагон” гуфт, оташсӯзӣ дар бинои рақами 33, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ аз “балони газ” ба вуқӯъ омадааст: “Соати 19:04 ба мо хабар омад ва соати 19:14 кормандони хадамот ба ҷои ҳодиса расида, мардумро аз бино берун ва оташро хомуш карданд”.
Ба гуфтаи ин масъул, барои хомӯш кардани оташ ду мошини оташнишонӣ сафарбар шуд. Ӯ гуфт, ҳаҷми хисорот зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: “Пешайвони як хона ба коми оташ рафта, дигар хонаҳо аз дуди оташ зарар дидаанд”.
Ин дар ҳолест, ки шоҳидони ҳодиса шаби рӯзи 2 сентябр ба хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, сӯхтор дар қабати дуюми бино ба вуқӯъ пайваста, ба ошёнаҳои севу чор низ зарар расонидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |