(ВИДЕО) Истиқболи Саудӣ аз зоирин ва омодагии ситоди ҳаҷҷи Тоҷикистон

Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, мақомоти Арабистони Саудӣ ба омодагии ситоди ҳаҷҷи ин ниҳод барои иштироки зоирини Тоҷикистон дар мавсими “Ҳаҷ-2015” баҳои баланд додаанд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ситоди ҳаҷҷи ин ниҳод ғолиби озмуне дар робита ба фароҳам кардани шароити иқомати зоирин дар қаламрави Арабистони Саудӣ шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Муқим, шароити фароҳамнамудаи ситоди ҳаҷҷи Кумитаи дин барои ҳоҷҷиёни Тоҷикистон аз сӯи гуруҳи кории Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ беҳтарин дониста шудааст.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ин гуна озмун ҳамасола аз сӯи Вазорати ҳаҷҷи Саудӣ ба хотири беҳтар кардани шароити зисти зоирин миёни ситодҳои ҳаҷҷи кишварҳои мусулмоннишин баргузор мешавад: “Як гуруҳи махсуси корӣ аз Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ баъди боздид ва назорати шароити иқомати зоирони кишварҳои мусулмонӣ ва кори ситоди ҳаҷҷи ин кишварҳо Тоҷикистонро ғолиб донистааст”.
Дар пайи ин ғолибият намояндагони Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ гуруҳи ҳоҷҷиёни тоҷикро дар фурудгоҳи шаҳри Мадинаи мунаввара бо гулпошӣ ва шеърхонӣ истиқбол кардаанд.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Ба иттилои Кумитаи дин, нархи сафари ҳаҷ имсол барои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам муқаррар шудааст. Имсол 50 дарсади зоирини тоҷикро ба Арабистони Саудӣ ширкати хусусии “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон ва 50 дарсади дигарро ширкати саудии “Flynas” интиқол хоҳанд дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |