Розенблум аз Тоҷикистон ҳам хост, ба эътилофи “анти-диишӣ”-и Амрико бипайвандад?

Дениел Розенблум, муовини ёвари котиби давлатии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар суҳбат бо Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон масъалаи ҳамкории Вашингтону Душанбе дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалиро ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ зуҳри 2 сентябр муовини ёвари котиби давлатии ИМА-ро, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст. Ба иттилои манбаъ, “дар ин вохурӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намудаанд”.
Инчунин дар суҳбати Зоҳидӣ бо Розенблум масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ, амниятию сиёсӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ муҳокима шудааст. Баррасии масъалаи ҳамкории Душанбеву Вашингтон дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ дар ҳолест, ки муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар суҳбат бо Абдулазим Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон ин масъаларо низ баррасӣ карда буд.
Ҷаноби Розенблюм аз мақомоти Тошканд даъват кард, ба эътилофи низомии ИМА, ки барои мубориза алайҳи созмони террористии ДИИШ ташкил шудааст, бивайвандад. Ӯ гуфт, эътилофи онҳо бар иловаи ҷанг алайҳи ДИИШ бо сармоягузорони ин созмони террористию убури ғайриқунунии марзҳо мубориза хоҳад бурд. Аммо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар суханронии худ бахшида ба истиқлолияти кишвараш ба ин даъвати Амрико ҷавоби рад дод, гуфт, Узбакистон ба ҳеч кадом блоки низомӣ намепайвандад.
Ҳарчанд дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди даъват шудани Душанбе ба ин эътилофи “анти-диишӣ”-и Амрико чизе нагуфтааст, вале эҳтимол дорад, Розенблюм дар суҳбат бо Зоҳидӣ масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба ин эътилофро ба миён гузошта бошад. Чун муовини ёвари котиби давлатии ИМА баъд аз мулоқот бо Абдулазим Комилов гуфта буд, ки кишвараш дар баробари Узбакистон аз кишварҳои дигар низ даъват мекунад, ба эътилофи ташкилкардаи он алайҳи ДИИШ бипайванданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |