Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: Тақдими ҷоизаҳои пулӣ ба Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, имрӯз 2 сентябр ба варзишгарони шинохтаи тоҷик -- Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ҷоизаҳои молӣ тақдим кард.

Маросими супоридани туҳфаҳо бо иштироки Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ, Акбар Ғуломов, раиси ҶММ “Ғаюр” – сарпарасти куллии Кумитаи миллии олимпӣ ва рӯзноманигорон ҷараён гирифт.

Ба Дилшод Назаров, ки аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ дар Чин бо медали нуқра баргашт, 10 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева, барандаҳои медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба муштзанӣ низ туҳфаҳои молӣ гирифтанд.

Баҳрулло Раҷабалиев аснои суханронии худ аз ин се варзишгари тоҷик ситоиш карда, гуфт, кумита ҳамеша барои ҳавасманд кардани варзишгарон талош мекунад. Ба қавли ӯ омодаанд, ки барои фароҳам овардани шароити тамрин дар Бразилия ба Дилшод ва дигар варзишгарон мусоидат кунанд: “Дилшод ба ҳамаи мо нишон дод, ки метавонад дар олимпиада соҳиби медал гардад”.

Акбар Ғуломов, раиси ҶММ “Ғаюр” – сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ иброз дошт, омодааст ба варзишгарони болаёқат барои иштирокашон дар мусобиқоти байналхалқӣ кумак расонад.

Дилшод Назаров ба рӯзноманигорон гуфт, дар ҳоли ҳозир дар раддабандии ҷаҳонии гузпартоён баъд аз варзишгари лаҳистонӣ дар зинаи дуюм қарор дорад: “Мусобиқоти ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар ҷоий кӣ меистад ва дар зинаи дуву се кӣ”.

Ӯ афзуд, омодагиашро барои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз моҳи ноябр дар Тоҷикистон ва ё дар Аврупо шурӯъ хоҳад кард. Мавзуна Чориева мегӯяд, варзишгарон кор ё шуғле надоранд, ки ба онҳо даромад биёварад, аз ин сабаб хуб мешавад, ки сарпарастон зиёд бошанду варзишгаронро дастгирӣ намоянд. Ӯ аз сарпарастон хост, танҳо дар поёни мавсими чорсола ва дар арафаи олимпиадаҳо дар фикри варзишгарон набошанд, балки тамоми муддат онҳоро дастгирӣ намоянд.



АКСУ ВИДЕО: Тақдими ҷоизаҳои пулӣ ба Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева

АКСУ ВИДЕО: Тақдими ҷоизаҳои пулӣ ба Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева

АКСУ ВИДЕО: Тақдими ҷоизаҳои пулӣ ба Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева

АКСУ ВИДЕО: Тақдими ҷоизаҳои пулӣ ба Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева

АКСУ ВИДЕО: Тақдими ҷоизаҳои пулӣ ба Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева

АКСУ ВИДЕО: Тақдими ҷоизаҳои пулӣ ба Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева

АКСУ ВИДЕО: Тақдими ҷоизаҳои пулӣ ба Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева
Мӯҳр
Довуд
Офарин Акбар Гуломов. Фарзанди баруманди миллати точик. Варзишгаронро дастгири мекунад.

Vahob
Ofarin va ahsan ba har seyaton. Mo dar Avrupo az shumo fakhr mekunem!

Озодагон дар танаи М. Чориева формаи официалии Россия, магар дигар сурати Чориева ёфт нашуд? Умуман Чориева он кадар варзишгари бохурмат нест. То хол интерьвюи вай баъди олимпиада дода буд дар едам. Чи кадар бесаводона ва чи кадар бемаданият буд. Бояд ин одам дар бораи имиджи худ фикр кунад.Довуд,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)