Хабари ёфт шудани минни зиддитанкӣ аз мактаби миёна
Дар яке аз макотиби миёнаи шаҳри Душанбе минни зиддитанкӣ (противотанковая мина) дарёфт шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода афзуд, ин мин дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар сурати беэҳтиётӣ имкони мунфаҷир шуданаш мавҷуд буд.
Ба иттилои манбаъ, ин мин дар пайи амалиёти профилактикии кормандони Хадамоти кинологии ВКД рӯзи 31 август аз мактаби № 52-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ёфт шудааст: “Ин мин ҳанӯз замони Шӯравӣ барои дарсҳои омодагии ҳарбӣ оварда шуда, дар сурати муносибати нодуруст имкони таркиданаш вуҷуд дошт”.
Аз дафтари матбуоти ВКД ба “Озодагон” гуфтанд, дар ин бора ҳанӯз хабаре дарёфт накардаанд, аммо Нигора Шарипова, директори мактаби рақами 52 нахост дар ин мавзӯъ суҳбат кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |