(ВИДЕО) Бародари Умар: Ба волоияти қонун бовар дорем
Неъмат Бобоҷонов, бародари бузурги Умар Бобоҷонов мегӯяд, ба волоияти қонун дар Тоҷикистон бовар дорад ва муътақид аст, гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт.
Умар Бобоҷонов, ҷавони 23-солаест, ки чанд рӯзи ахир дар Беморхонаи шаҳри Ваҳдат дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Наздикони ӯ иддао доранд, Умар барои риш доштанаш аз сӯи кормандони пулис латту кӯб шудааст.
Неъмат Бобоҷонов дар як навори видеоӣ, ки унвонии “Озодагон” ирсол кардааст, мегӯяд, ҳоло ӯ ва аҳли хонаводааш рӯзи сахтеро сипарӣ мекунанд, чун Умар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Вай дар идома даъват мекунад, қазияи сари бародарашомадаро тобиши сиёсӣ надиҳанд: “Мутаассифона, баъзе гуруҳу журналистони алоҳида пайдо шудаанд, ки ба болои сӯхта ва захми аҳли хонаводаи мо намак мепошанд. Онҳо дар бораи ин ҳодиса ҳар гуна овозаҳо бофта, ба воситаи газетаю сомонаҳои интернет дар байни мардум паҳн мекунанд ва мехоҳанд, ки ин ҳодисаро барои ноором сохтани вазъият истифода баранд”.
Ӯ дар ин навори видеоӣ мегӯяд, ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар доранд ва “боварӣ дорам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо равшан сохта, ба гунаҳгорон ҷазо хоҳанд дод. Тафтишот нисбати ин ҳодиса давом дорад”.
Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар рӯзи гузашта ба “Озодагон” гуфт, мехоҳад афроде, ки дар латту кӯби писараш даст доранд, дар чорчуби қонун ҷазо бигиранд.
Дар робита ба ин қазия бо дастури вазири корҳои дохилӣ гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуда, ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |