Бахшҳо

Куштори ду нафар дар Суғд: Яке бо ресмони алафбандӣ, дигарӣ бо корд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми куштор хабар дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, якуми сентябр дар пайи як амалиёт марди 29-солаи сокини ноҳияи Ғончӣ барои содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардидааст. Манбаъ мегӯяд, гумонбаршуда рӯзи 17 август, тахминан соати 13:00, дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш марди 36-солаи сокини ноҳияи Истаравшанро бо ҳамсари 29-солааш дар ҳолати ишқварзӣ дида, аз ҳиссиёти рашк ӯро бо ресмони алафбандӣ бӯғӣ кардааст: “Сипас, барои рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудаи худ, ҷасади ӯро ба куҳи наздики деҳаашон бурда, дар зери дарахти арча гӯронидааст”.

Манбаъ меафзояд, рӯзи гузашта (1 сентябр) тахминан соати 07:30, ҷасади зани 46-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне захмҳои халандаю буранда дар қисмати қафаси синааш дарёфт гардидааст: “Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир гардид”.

Ба иттилои ВКД, тафтишот муайян намудааст, ки гумонбаршуда 30 август, тахминан соати 15:50, дар ҳавлии истиқоматии зани марҳум ҳамчун меҳмон қарор дошта, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба аъзои бадани ӯ зада, номбурдаро ба ҳалокат расонидааст: “Нисбати ин ду ҳодисаи куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
д
Занашро хам куштааст е не?

Беном
Ин мард бояд занашро мекушт на он мардро Агар зан нахохад марди бегона дар огилхонаи дигар кас чи мековад.

Агар онхоро хангоми ишкварзи дастгир ва катл карда бошад у гунохе надорад. Зеро чинят дар холати сахти эхсоси рух додааст. У бояд он лахза хардуро мекушт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)