Боздошти ҷавоне аз Исроил дар роҳ ба сӯи ДИИШ
Вазорати умури хориҷии Исроил аз боздошт шудани як шаҳрванди ин кишвар ҳам дар роҳ ба сӯи созмони террористии ДИИШ хабар додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, шаҳрванди 21-солаи Исроил, ки мехост, вориди қаламрави Сурия шавад, рӯзи 1 сентябр ҳангоми убури марзи Туркия боздошт шудааст.
“Аз вуруди ин шаҳрванди Исроил ба қаламрави Сурия тавассути марзи Туркия маъмурини пулиси ду кишвар дар пайи як амалиёти муштарак ҷилавгирӣ кардаанд”, омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Исроил.
Ба иттилои манбаъ, кофтукоб ва боздошти ин ҷавони исроилӣ замоне сурат гирифтааст, ки волидайни ӯ ҳафтаи пеш аз Вазорати умури хориҷии Исроил хостаанд, барои бозпас овардани фарзандашон, ки қасди пайвастан ба ДИИШ-ро дорад, кӯмак кунад. Ин ниҳод афзудааст, ки ин бори аввал аст, як шаҳрванди Исроил дар роҳ ба сӯи ДИИШ боздошт мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |