Наздикони Идимоҳи 9-сола мегӯянд, бо гузашти 40 рӯз ҳанӯз пайдо нашудааст
Идимоҳ Давлатова, донишомӯзи синфи 2 аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон беш аз 40 рӯз мешавад, бедарак аст.
Пайвандони Давлатова дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ин донишомӯзи тоҷик рӯзи 20 июли соли равон аз назди бозори марказии ноҳияи Хуросон ғайб задааст. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, Идимоҳ Давлатова он рӯз назди модари худ ба бозор омада, ҳангоми бозгашт ба хона бедарак шудааст. Онҳо мегӯянд, дар ин бора ба мақомоти пулис низ муроҷиат кардаанд, вале ҳанӯз дар бораи макони будубош ва тақдири Давлатова маълумоте нест.
Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Хуросон хабари бедарак шудани донишомӯзро тасдиқ карда, гуфт, ҷустуҷӯи ин духтарак идома дорад ва ҳоло ҳеч фарзияи дар мавриди куҷо будани ӯ рӯи даст надоранд.
Идимоҳ Давлатова 9 сол дошта, сокини кӯчаи Тошмуҳаммедови ноҳияи Хуросон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |