Дастоварди навбатӣ
Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино
Хушбахтона, хизматрасонии муосири тиббӣ имрӯз дар кишвари мо низ қадамҳои устувор мегузорад. Рӯзҳои наздик мутахассисони шӯъбаи кардиоҷарроҳии Бемористони Ибни Сино боз ба як дастоварди назаррас ноил гардиданд. Ҷарроҳони бемористон бо истифода аз усулҳои муосир, ҷарроҳии аблятсияи алкоголии девори байни меъдачаро бомуваффақият анҷом доданд. Бемор Раҳимова Латофат (соли таваллудаш 1957) бо ташхиси кардиомиопатияи гипертрофикӣ - стенози субвалвулярии даричаи шоҳраг мавриди ҷарроҳӣ қарор гирифт. Кардиологи бемористон Юсупова Малика дар сӯҳбат бо мо иброз намуд, ки ин навъи ҷарроҳӣ бори аввал дар Тоҷикистон анҷом шудааст ва бемор ҳоло худро хуб ҳис мекунад.
Кардиомиопатияи гипертрофӣ бемориест, ки бо гипертрофияи (ғафсшавӣ) девораи чап ва дар мавориди бисёр кам, девораи рости меъдачаи дил зоҳир мегардад. Гипертрофия дар бештари маврид ассиметрӣ буда, девораи байни меъдачаҳоро иллатдор мекунад. Ин бемориро мутатсияи (тағйири табиӣ ё сунъӣ) генҳо, ки синтези сафедаҳоро дар миокард рамзпӯшӣ (кодировать) мекунанд, ба вуҷуд меорад. Дар натиҷаи мутатсияи генҳо ҷойгиршавии торҳои мушакии миокард вайрон мегардад, ки ин дар навбати худ гипертрофияро ба вуҷуд меорад. Дар қисмате аз беморон мутатсия дар синни кӯдакӣ буруз мекунад, аммо дар бештари маврид ин бемориро танҳо дар давраи навҷавонӣ ё дар синни 30-40 солагӣ ошкор мекунанд. Бемории мазкур барои саломатии инсон хатарнок буда, дар айни ҳол сабаби асосии марги варзишгарони ҷавон ба шумор меравад.
Аломатҳои асосии беморӣ аз партоби ками хун (ин равандро сарчархзанӣ, хуруҷи стенокардия, тангии нафас ва аз ҳушравӣ ҳамроҳӣ мекунанд); норасоии кори меъдачаи чапи дил (ин раванд низ метавонад шиддат гирифта, ба норасоии кори тамоми дил оварда расонад); халалдор гаштани набзи дил ва ғ. иборатанд. Тақрибан 30% и беморон ҳеҷ аломатеро ҳис намекунанд. Марги нобаҳангом метавонад аломати аввалин ва ягонаи ин беморӣ гардад. Аз ҳама гурӯҳи хатарнокро беморони ҷавони дорои халали шадиди набзи дил ташкил мекунанд.
Усулҳои асосии ташхиси ин беморӣ ЭКГ (электрокардиография, бо ин роҳ нишонаҳои калоншавии меъдачаи чап ошкор мегарданд); Эхокардиография (Эхо КГ асоситарин усули ташхис ба шумор меравад ва имкон медиҳад шакл ва ҷои гипертрофияро муаян намоянд); ЭКГ и мониторӣ (ин усул халалдоршавии набзи дилро ошкор менамояд ва ин имкон медиҳад марги ногаҳонӣ пешгирӣ шавад) мебошанд. Ташхиси генетикӣ низ яке аз усулҳои муҳими пешгӯии беморӣ ба шумор меравад.
Табобати беморон бо аломати кардиомиопатияи гипертрофикӣ ба он нигаронида шудааст, ки аломатҳои бемориро кам карда, қобилияти функтсионалӣ ва сифати ҳаёти беморонро баланд бардошта, хатари марги ногаҳонии онҳо бартараф карда шавад. Ин кор бо роҳи кам кардани дараҷаи градиенти фишор дар қисмати баромади меъдачаи чап ва беҳтар намудани вазоифи диастоликии он муяссар мегардад. Марҳилаи аввали табобатро, табобати дорӯӣ ташкил медиҳад. Мутаассифона, ҳадди ақал дар 10% и беморон аломатҳое вуҷуд доранд, ки табобати дорӯӣ ба онҳо асаргузор нест. Ба ин беморон танҳо амали ҷарроҳӣ метавонад кӯмак намояд. Хушбахтона, имрӯз илми тибб бо истифода аз дастовардҳои навини илму техника, усулҳои нави табобати ин навъи бемориро кор карда баромадааст. Яке аз ин усулҳо аблятсия алкоголии байнидевории меъдачаҳо ба шумор меравад. Ин усул тақрибан нав буда, дар авохири солҳои 80 уми асри ХХ барои истифодаи ҷарроҳон пешниҳод гардидааст.
Ин амали ҷарроҳӣ интервенсионӣ буда, тариқи раги рон амалӣ мегардад. Зери анестезияи маҳаллӣ (маҳлули новокаин 0,5%) ҷарроҳон дар раги рон сӯрохие карда, тариқи асбоби махсус (интродюссер) ба бадани бемор 100-150 ЕД /кг гепарин мегузаронанд. Баъдан аз дохили раги рон электроди муввақатӣ ба меъдачаи рост гузошта мешавад. Баъди анҷоми ҳамаи меъёрҳои ибтидоӣ ба бемор тариқи катетери баллонӣ 1-2 мл спирти 96% гузаронида мешавад. Баъди 10 дақиқаи ворид кардани спирт катетери баллонӣ гирифта мешавад . Дар шароити феълӣ аблятсияи алкоголӣ усули аз ҳама муваффақи табобати кардиомиопатияи гипертрофикӣ ба шумор меравад.
Бахши кардиоҷарроҳии Бемористони Ибни Сино ҳамеша барои ташхис ва табобати беморони рагу дил омодааст. Дар бахши кардиоҷароҳии бемористон шароити мусоид барои табобати бемориҳои рагу дил муҳаё гардидааст. Бахши мазкур бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд. Дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" фаъолият мекунад. Ба барномаҳои суғуртави тиббии ин ташкилот ҳамроҳ гардида, Шумо хароҷоти худро ба маротиб кам мекунед. Худ ва наздиконатонро суғурта намуда, аз дастовардҳои тибби муосир бо нархҳои арзон истифода баред.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |