СААД моро ҳимоя карда метавонад?
Муташанниҷ сохтани авзои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Толибону ДИИШ то куҷо воқеият дорад?
Миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) нишасти навбатии ташкилоти мазкур барпо мегардад. Дар ин нишаст натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои фаъолияти минбаъдаи он ба баррасӣ гирифта мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар доираи СААД дар моҳи майи ҳамин сол санҷиши ногаҳонии омодагии ҳарбии неруҳои дастаҷамъии вокуниши оҷил (НДВО СААД), ки дар қаламрави Тоҷикистон мустаққар мешаванд, гузаронда шуд. Чунин амалкард услуби нави тамрини ҷузъу томҳои низомӣ маҳсуб меёбад, ки дар доираи СААД бори аввал сурат мегирад. Теъдоди умумии ҳайати шахсии НДВО 20 ҳазор афсару сарбозро ташкил медиҳад.
Дар машқҳои мазкур ба ғайр аз қувваҳои низомии Тоҷикистон як рота аз ҷумҳурии Арманистон, ротаи махсуси Белорусия, баталони чатрбози ҳуҷумкунандаи Қазоқистон иштирок доштанд. Федератсияи Русия дар ҳайати 500 нафар баталони гурӯҳи тактикии дивизияи 98-уми Қувваҳои мусаллаҳашро фиристода, Қирғизистон бошад, ба тамрини мазкур 2500 нафар сарбозу афсарро ҷалб кард.
Зимнан, интихоби ҷою макон ва ҳадафи санҷиши омодагии низомии неруҳои дастаҷамъии вокуниши оҷил тасодуфӣ набуд. Аввал ин ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони амниятӣ бо Афғонистон марзи аз ҳама тӯлонӣ дорад. Дуюм ин ки гуруҳи қувват гирифтаистодаи Ҳаракати Толибон ва давлати ба ном исломии Шому Ироқ дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон барои тамоми аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ хатарҳоеро эҷод мекунад. Табиист, ки чунин таҳдидҳо барои муташанниҷ гаштани авзои сиёсию иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қаламрави бузурги давлатҳои узви СААД замина ба вуҷуд меорад.
Мусаллам аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳампаймоёни он аз ташкилоти ҳарбии НАТО минбаъд ҳам дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Теъдоди ҳузури низомии ИМА ва аъзои дигари НАТО дар ҳудуди 13500 нафар ҳадс зада мешавад, ки аз ин 11 ҳазораш нируҳои амрикоӣ мебошанд. Аз як тараф ин воқеият низ умедворкунанда мебошад, зеро ки имкон дорад, пеши роҳи тавсеаи муқовимати сарбозони толибону ДИИШ-ро бигирад. Аммо дар айни замон вазъияти тамоман дигар ба мушоҳида мерасад, ки барои мисол дар вилояти Форёби наздики марзҳои Туркманистон, ҳамчунин қаламрави ҳамсарҳад бо Тоҷикистон байни Толибону неруҳои ҳукумати Афғонистон бархӯрдҳои шадид идома доранд. Ва тибқи маълумоти васоити ахбори омма тақрибан 80 фоизи марзҳои сарҳадии Афғонистон таҳти назорати Толибон ва “Давлати исломӣ” қарор дорад.
Хосияти дигари манфии ҳузури мушовирони низомии ИМА ва иттифоқчиёни он дар он ба зуҳур меояд, ки дар тӯли даҳ соли будубош онҳо тавонистанд, ки заминаи мусоиди зарбазаниро фароҳам оваранд. Ин ҳолат ба онҳо имкон медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ дар наздики марзҳои ҷанубии давлатҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) низомиёнашонро ҷобаҷо намоянд. Гузашта аз ин ИМА ба нақша гирифтааст, ки дар қаламрави Афғонистон ба хотири вусъат бахшидани нуфузаш дар минтақа боз нуҳ пойгоҳи низомӣ таъсис диҳад. Дар чунин вазъият хулоса кардан мумкин аст, ки ИМА метавонад, бо Ҳаракати Толибон мувофиқа карда, онҳоро барои ҳамла ба марзҳои Осиёи Марказӣ таҳрик диҳад. Бинобар ин неруҳои дастаҷамъии СПАД, Чин, Ҳиндустон ва Эрон бояд фаъолиятҳои худро ба хотири суботи сиёсию иҷтимоии кишварҳои худашон ҳамоҳанг созанд. Дар акси ҳол ин корро шарикони мо дар он тарафи уқёнус анҷом медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар нисбати Осиёи Марказӣ роҳбарияти давлати ба ном исломӣ дар моҳи феврали соли равон самтҳои афзалиятноки муборизаҳо ва интишори идеологияи худро эълон дошта буд. Ҳадафи онҳо ташкили аморатҳое чун Мағриб, Андалус, Шом, Қафқоз ва дар ниҳоят Хуросон мебошад. Табиист, ки ба аморати Хуросон Эрону Афғонистону ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шомил карда шудаанд. Аз ин рӯ дар марзҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад, лекин ба назари инҷониб минтақаи мазкур ҳанӯз дар сархати ҳадафҳои ин ташкилот қарор надорад. Зеро ки ДИИШ алҳол дар ду ҷабҳа: Ироқу Сурия масруфи ҷанг аст.
Пӯшида нест, ки дар муборизаҳои мазкур манфиатҳои “Давлати исломӣ” боло гирифта истодааст. Ошкоро гуфтан мумкин аст, ки имкониятҳои ташаннуҷи авзои минтақа зиёд ба мушоҳида мерасад. Яқин аст, ки бо назардошти таҳдидҳои мазкур ташкилотҳои минтақавии Хадамоти минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва СПАД вазъияти ба амаломадаро сари вақт дарк намуда, машқҳои низомиро ба маротиб афзоиш доданд ва дар сурати ҳамлаи онҳо ба кишварҳои аъзои ин ташкилотҳо барои вокуниш нишон додан омодагии комил дида истодаанд.
Ҳоло дар сафҳои лашкари исломии ДИИШ теъдоди зиёди шаҳрвандони давлатҳои аъзои СПАД ҷангида истодаанд. Тибқи маълумотҳо аз Қазоқистон 300 нафар, Тоҷикистон-418, Қирғизистон-350, Ӯзбекистон-200 ва аз Туркманистон 600 нафар дар ҷабҳаҳои ба ном хилофат пайкор доранд, ки чандин нафари онҳо аллакай қурбон шудаанд. Аммо назар ба маълумоти коршиносони созмони омӯзишию таҳлилии Стретфор шумораи онҳое, ки аз Осиёи Марказӣ дар сафҳои ДИИШ меҷанганд, дар ҳудуди 10 ҳазор рақам зада мешавад.
Манбаъҳои асосии таҳдид аз ҷониби ДИИШ кишварҳое номбар мешаванд, ки бо Афғонистон ҳамсарҳаданд. Дар ин саф Туркманистону Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор доранд. Роҳбарияти СПАД борҳо изҳор доштаанд, ки барои ҳимояи марзҳои худ, ба вижа сарҳади Тоҷикистон амалан омода мебошанд. Инҷо суоле пайдо мешавад, ки Туркманистон худро чӣ гуна мудофиа мекунад, модоме, ки дар эътилофҳои ҳарбии минтақавӣ узвият надорад?
Ашқобод дар моҳи марти соли равон барои кӯмаки ҳарбию техникии мудофиавӣ расондан ба ИМА муроҷиат намуд. Амрикоиҳо бечуну чаро дар сатҳи Сенат ин хоҳиши ҷониби Туркманистонро дастгирӣ карданд. Дар иртибот ба чунин вазъият пурсида мешавад, ки чаро Ашқобод барои ёрии ҳарбӣ ба ба Русия нею балки ба ИМА муроҷиат мекунад? Дар вазъияте ки Русия ҳам иқтидори бузурги ҳарбию саноатӣ дорад. Ба фикри ман дар ин маврид Туркманистон иқдоми дурандешона ва ҷолиберо роҳандозӣ кардааст. Нахуст бояд розӣ шуд, ки амрикоиҳо дар 14 соли ҳузури низомиашон дар Афғонистон дар бобати муборизаи зидди терроризм таҷрибаи фаровон андӯхтаанд. Аз инҷо табиист, ки онҳо медонанд, дар марҳилаи ҳозираи таҳдид ба марзҳо барои қувваҳои мусаллаҳи Туркманистон кадом намуди муҳимоти ҷангӣ лозим аст. Дуввум, ин тавсеаи майдони иқтисодӣ, яъне ворид шудан ба бозорҳои Аврупо ҷиҳати интиқоли захоири энергетикӣ мебошад.
Ба гуфтаи коршиноси масоили радикализм, дипломат, сафири пешини Афғонистон дар Югославия доктор Азгархейл Мангал таҳдиди мустақим аз Афғонистон сурат намегирад, вале ин маънои онро надорад, ки дар марзҳои Тоҷикистон бесуботӣ ба амал намеояд. Лозим аст, ки сарчашмаи ин таҳдидҳоро ҷустуҷӯ намоем ва мо хуб медонем, ки он Покистон аст. Зеро ки тамоми гурӯҳҳои мухолиф дар ин кишвар паноҳгоҳ ёфтаанд ва ҳар замон ба Афғонистони ҳамсоя ворид мешаванд. Ҳамин тариқ, СПАД маҳаки асосии таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ мебошад. Таҷрибаи фаъолияти ин ташкилот нишон медиҳад, ки он дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ нақши мусбат дорад. Дар ҳамин замина мо метавонем, хулоса намоем, ки СПАД ҷиҳати таъмини суботи минтақа ҳаҷми бузурги корҳоро анҷом медиҳад. Ин ташкилот сарфи назар аз он ки баъзан дар мавриди пешгирии нооромиҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки гоҳҳо сурат мегиранд, қатъият нишон намедиҳад, лекин қудрате дорад, ки фазои холии геополитикии минтақаи Авроосиёро пурра гардонад ва дар амри таъмини суботи минтақа нақши бориз дошта бошад.
Абуфазл СОЛИЕВ, коршиноси масоили байналмилалӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |