“Сюрприз”-и Ҷӯрабек, Ҷонибек ва Садриддин

Се овозхони шинохтаи тоҷик таронаи муштараке сабт карда, мегӯянд, он ҳатман қалби ҳаводоронашонро тасхир хоҳад кард.
Ҷӯрабеку Ҷонибек Муродовҳо ва Садриддини Наҷмиддин бори аввал бо ҳам таронаи муштарак иҷро кардаанд. Ҷонибеку Садриддин бо нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ба наздикӣ суруди сегонаи онҳо нашр хоҳад шуд. Ҷонибек дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфт, то 10-15 рӯзи дигар он ба дасти мухлисон мерасад: “Худо хоҳад, клипаш баъди як моҳ нашр мегардад. Ҳоло номи сурудро намегӯям, бигзор “сюрприз” бошад”.
Ҷӯрабек аз чеҳраҳои номовари санъати мусиқии мардумии тоҷик аст. Ҷонибеку Садриддин дар раддаи аввали хонандаҳои поп қарор доранд. Бо таваҷуҳ ба ин шореҳони мусиқӣ ҳадс мезананд, ки таронаи сегонаи онҳо бояд воқеан шуниданӣ бошад.
Барои Ҷӯрабеку Ҷонибек ин аввалин суруди сегона нест. Соли сипаришуда таронаи “Ало, шодоб соҳилҳо”-и онҳо, ки бо Валиҷон Азизов иҷро шуд, “хит”-и сол эътироф гардид. Чанд сол қабл Ҷонибек ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё ва Наҷим (хонандаи афғон) суруди “қарсак”-ро иҷро карданд, ки низ зиёд мухлис дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |