Бахшҳо

Human Rights Watch: Ҳукми Гулмуродзода бекор шавад

Human Rights Watch аз мақомоти тоҷик даъват кардааст, ҳукми ду соли зиндони рӯзноманигор Аминҷон Гулмуродзодаро бекор кунад.

Ҳ. Вилиамсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар як гузорише гуфтааст, ин ҳукм мояи дилсардии ҷомеаи журналистии Тоҷикистон мешавад ва як намунаи дигари саркӯби озодии баён ва садоҳои мустақил аст: “Иттиҳомоти норӯшан алайҳи рӯзноманигор барои амалҳои замони кӯдакиаш баҳонаест барои ҳамлаи ошкоро ва бо ангезаи сиёсӣ алайҳи озодии баён”.

Дар ин гузориш, ки имрӯз, якуми сентябр дар Берлини Олмон нашр шудааст, гуфта мешавад, “рӯзноманигоре мисли Гулмуродзода бояд нависад ва гузоришгарӣ кунад, на ин ки пушти миллаҳои зиндон беҳол шинад. Мақомоти тоҷик бояд дар зудтарин фурсат ҳукми Гулмуродзодаро бекор ва ӯро озод кунанд”.

Ҳ. Вилиамсон таъкид кардааст, Ҳукумати Тоҷикистон бояд аз хамӯш кардани садоҳои мустақил даст бикашад ва Гулмуродзодаву ҳамаи зиндониҳоеро, ки бо иттиҳоми сохта пушти панҷара нишастаанд, раҳо кунад.

Аминҷон Гулмуродзода, фарзанди Пайванди Гулмурод, бунёдгузории Рӯзи матбуоти тоҷик, рӯзи 18 август аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо барои ду сол равони зиндон шуд. Гулмуродзода ҳамон рӯз баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳасб гирфта шуд.
Мӯҳр
Тайсон
ки гуфт, ки ҳамон Пайванд - бунёдгузор? Рӯзномагорон яктоаш афсонаро менависад, дигарон тӯтӣ барин такрор мекунанд.
Ҳоло номаълум аст, гуноҳи асосии ин бача чист? Не может быть, ки барои "амалҳои замони кӯдакиаш" шинондаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)