Бахшҳо

Супориши қатъии генерал Раҳимзода барои таҳқиқи қазияи Умар Бобоҷонов

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ба тобеинаш супориши қатъӣ додааст, то қазияи Умар Бобоҷонов, як сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдатро, ки ба иддаои наздиконаш аз сӯи маъмурони пулис барои ришаш латту кӯб шудааст, мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ имрӯз, якуми сентябр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки бо супориши генерал-лейтенанти милиса -- Рамазон Раҳимзода оид ба ҳолати рухдода нисбати Умар Бобоҷонов гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуда, ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.

Манбаъ мегӯяд, бо супориши вазири умури дохилӣ, дар рафти санҷиши хизматӣ сабаб ва омилҳои ҳолати мазкур муайян гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд: “Аз натиҷаи санҷиши хизматӣ иловатан иттило дода мешавад”.

Супориши қатъии вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки наздикони Умар Бобоҷонов, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат иддао доранд, ӯро маъмурони пулис барои ришаш латту кӯб кардаанд. Абдулло Бобоҷонов, бародари Умар ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бародарашро шоми 28 август кормандони пулис барои ришаш мавриди латту кӯб қарор додаанд, ки баъдан дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳри Ваҳдат оварда шудааст. Табибон вазъи ӯро вахим гуфтаанд.

Умар Бобоҷонов донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи Санкт-Петербург будааст, ки дар таътили тобистона ба зодгоҳаш омадааст. Зоҳирҷон Соҳибов, яке аз дӯстони Умар, ки ҳангоми ҳодисаи латту кӯб бо ӯ будааст, ба "Озодӣ" гуфтааст, "мо дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар назди муҷассамаи “Модар” сайругашт доштем, ки ногаҳон се мошин омад ва 6-7 нафар аз онҳо берун шуданд. Онҳо ману Умарро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Латту кӯб карданд. Субҳи 29 август Умарро ба бемористон овардем, ки ҳолаш хеле вазнин буд".

Дар робита ба ин қазия дирӯз ва имрӯз наздики сад нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат дар назди бемористони марказии шаҳр, ки Бобоҷонов дар ҳолати вазнин онҷо оварда шудааст, ҷамъ омада, аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кардаанд.
Мӯҳр
Эронро риш хароб кард, Точикистонро товаРиш. Бузришхо сазоятон хамин хаст! Мамлакатро бесохиб ёфтед?!

Ахсан давлати демократи офарин 100офарин

Sadi
Cобир,
хамин гапора гуфтани нестам локин гузарондед аз хамин хотир мегуям ба хамон касони мегуям ки ришро бад мебинан валохи касам рузи киёмат Аллох чазотон мета барои ин амалатон аз Аллох тарсен худатон мардумро кори мекунен ки ба дигар давлатхо рафта ифроти шаванд ин коро накунед милисахо аз худо тарсед нозада муомила кунед кати мардум рузе мешавад ки хамин мсардуми камбагал барои шумо даркор мешаванд изтигфор кунед ин амалро хамчун харом исобкунед аз даргохи илохи тоба карда магфирати гуно кунед.

бандаи Аллох
ин хукумат ба чои он ки сари рохи бекори болоравии пули миллмилли, бесаводи, фоишагари, пора ва гайраро гирад дар пайи ким кадом корхои бехуда ась. дар точикистон кариб 95фоизи хонандагон бесавод хастанд

Фаридун
БА СОБИР!!!!
Ҳайф, ки номат Собир аст. Фақат ман ҳаминро гуфтаниям, ки:
Расули Худо (с) фармуданд: Яке аз суханоне, ки мардум аз паёмбарони гузашта дарёфтаанд, ин аст, ки агар шарм надорӣ ҳарчӣ хоҳӣ кун. (Саҳиҳ Бухорӣ)

Вазиф
Cобир,
Худованд туро хидоят кунад ва агар лоики хидоят набоши дар катори хамун милисахо!

Кучо нигох мекунанд ОБСЕ ва Freedom House??? Кучо нигох мекунанд Рахимзодаву дигару дигарон? Имруз точик хам дар берун аз ватан ва хам дар дохили ватан хор аст.

Cобир,

Гилаи Риш
Афсус ки ба рухсораи Тоҷик бидамидам
Ҳеҷ рӯзе хуше баъди дамидан, ки надидам.
Руйидаму дар руйи ту таҳқир шунидам.
Як дасти касиф омаду аз реша буридам,

Гӯ ,чист гуноҳам , ки ин қайчибадастон,
Таъқиб кунандам ба ҳар роҳу хиёбон,
Ҳайрон шудам аз кори худу бачаи инсон,
Ин тоифаи булаҷаб, ин мисли сутурон!
Ин душманӣ бо ман зи сари чист надонам ,
Дин аст сабаби нафрати эшон ба гумонам.
Ин динтарошист на риш аст, вагар на,
Ман рамзи мазоҳиби ба ҳақ, мазҳабашонам!
Дар мазҳаби ин тудаи овораи нодон,
Ин тудаи аз ҳикмату аз илм гурезон.
Қайчидани ман аз назари фиқҳ гуноҳ аст
Ҳайронам аз ин мазҳаби ин қайчибадастон.
Ё ман , сабаби танқисии зиндагишонам?
Ё ман , сабаби сархамишон руйи ҷаҳонам?
Ин калла ки имрӯз маро душмани ҷон шуд ,
Мағз ҳаст дар ин каллаи пӯсида, надонам!

ахсант бародар собир Аллох нигахбонат.

бародаро бахшиш камтар иштибох шуд ман ба нависанда "гилаи риш"ахсан мегуфтаги будам нофахмида собир гуфтиям Худоё гунохи нофахмидаи маро бахш.омин.офарин нависанда Аллох ачрат дихад омин.

Бериш)))
Рости бояд пеши ин беадолатиро грифт ба ин хадисаи нангин бояд дигар масулонам човоб гуянд ин чорнафаро касе тарбия кардааст бояд он хорам човоб гуянд .Агар вазъ хаминхед давом кунад точикистон бо соли 90 бархохадгашт ин тарсондан нест хакикат аст ин 100 нафаре ки чам шудаанд зара зара чам шавад окибат дарёшавад яъне сел .

Худованд ба ин бародар шифои комил ато фармояд. хуб мешуд агар "мусалмонони" мо фарзхои Илохиро пурра ичро мекарданд. Риш мондаги хатто намоз намехонанд, агар пурси суннати Пайгамбар мегуяд фарзхои илохи тамоман фаромуш шудаги афсус!!!!

Бандаи худо
Cобир,
Cобир,
Падарат хаст агар аз Аллох наметарси аз падарат тарс

Хатман гунахкорони ин ходиса ба чавобгири кашида шаванд. Ки медонад шояд ин як фармоиш аз чониби боз хамон ришдорон шуда бошад. Як замоне шудаст, ки ришдору бериш бо бизнес машгул аст.

Geneva
Гилаи риш,
Шеъри бехтарин! Муаллифаш ки бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)