Ҷалби занони хонашину бекори Душанбе ба ҷойи мардон ба маконҳои “ҷамъиятӣ”
Ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе, ки то ҳол ҳамчун масҷид истифода мешуданд, ҳамчун маконҳои дузандагӣ фаъол хоҳанд шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар ҷаласаи рӯзи 31 августи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт масъалаи истифодаи ин маконҳои ҷамъиятӣ баррасӣ шудааст. Убайдуллоев гуфтааст, истифодаи мақсадноки ин маконҳои ҷамъиятӣ метавонад мушкили бекории занҳоро коҳиш бидиҳад.
Инчунин шаҳрдори Душанбе амр кардааст, сохторҳои марбута ҳолати воқеии ҳар кадом аз ин ҷойҳои ҷамъиятиро таҳти раҳбарии Ҷамила Лангариева, муовини ӯ дар муҳлати як ҳафта дақиқ намуда, дар робита ба амалисозии муқаррароти мазкур дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Убайдуллоев маълумоти муфассал пешниҳод созанд.
Ин муҳлат ва дастури Убайдуллоев дар ҳолест, ки як манбаи муътамад дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар пайи як рейд аз сӯи комиссияи кории ҳукумати шаҳри Душанбе ба дари беш аз 100 макони ҷамъиятӣ муҳр зада шудааст.
Ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, афзуд, ин комиссияи ташкилкардаи Убайдуллоев дар доираи як рейд фаъолияти 127 макони ҷамъиятӣ дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанберо, ки ҳамчун масҷид истифода мешуданд, манъ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |