Даъвати раҳбарони парлумони Кувайту Озарбойҷон аз Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Ню-Йорки Амрико қарор дорад, бо ҳамтоёни худ - Марзук Али Ал Ғаним, раиси парлумони Кувайт, Владимир Андрейченко, раиси парлумони Беларус ва Оқтай Асадов, раиси парлумони Озарбойҷон мулоқот анҷом додааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, ин мулоқотҳо рӯзи 31 август дар доираи Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо сурат гирифт. Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумонҳои Қувейту Озарбойҷон ва Беларус, густариши муносибот дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энргетика, саноат ва сохтмон, варзишу туризм ва фарҳанг изҳори назар карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров иброз намудааст, ки “парлумонҳои кишварҳоямон ҳанӯз ҳам аз имконот ва шароити мусоиди мавҷуда барои тақвияти ин равобит ба таври фаъол истифода накардаанд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди тақвият додани муносиботи худ бо парлумонҳои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Қувайту Беларусияву Озарбойҷон мебошад”.
Шукурҷон Зуҳуров ба ҳамтоёни худ гуфтааст, сиёсате, ки имрӯз дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ҷараён дорад, шароити мувофиқро барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаи шохаҳои мамлакат бо кишвар ва созмонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст.
Муҳаммадато Султонов мегӯяд, раисони парлумони Кувайт, Озарбойҷон аз Шукурҷон Зуҳуров хоҳиш намудаанд, дар вақти барояш муносиб аз парлумонҳои ин кишварҳо дидан намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |