Президент аз Вазорати маориф хост, ҳангоми нашри китобҳо саросема нашавад
Таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисоси омӯзгорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, боиси иҷро нашудани нақшаи қабул дар муассисаҳои таълимии кишвар шудааст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кулоб баён дошт.
Ӯ аз паст будани сатҳи дониши хатмкунандагони имсол нигаронӣ карда, гуфт, “ихтисосҳои омӯзгорӣ аз ҷониби довталабон кам интихоб шуда, нақшаи қабул дар ин муассисаҳои таълимӣ низ иҷро нагардидааст”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз паст будани сатҳи дониши хамткунандагони имсолаи макотиби миёнаи кишвар шадидан нигаронӣ карда, ба он бархе аз волидайн, худи донишомӯзон ва раванди омодасозии муаллимонро гунаҳкор донист. Раисҷумҳур афзуд, “натиҷаҳои имсолаи тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат нишон дод, ки сатҳи дониши хатмкунандагони мо ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Агар як сабаби сустии дониши хонандагон масъулияти дуруст эҳсос накардани як қисми падару модарон ва худи хонандагон дар интихоби касбу ихтисос бошад, иллати дигараш дар паст будани сатҳи омодасозии муаллимони оянда дар муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ мебошад. Ҳар ду омил боиси нигаронӣ буда, ҳарчи зудтар ислоҳ кардани онҳо ба беҳтар шудани сифати таълим мусоидат менамояд”.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, имсол ба тариқи тестӣ 73700 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида, 36000 нафар дохил шудааст. Яъне нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат 77,2 фоиз иҷро шудааст. Дар ҳоле ки ин нишондод дар соли гузашта 66,4 фоизро ташкил дода буд: “Бо вуҷуди он ки саволномаҳои тестӣ нисбат ба соли гузашта содда карда шудаанд, ба ихтисосҳои равияи таббииву техникӣ довталабон кам ҳуҷҷат супорида, натиҷаи имтиҳонҳояшон ҳамагӣ 69 фоизро ташкил кард ва нақшаи қабул дар ин равияҳо ба таври қаноатбахш иҷро нагардид.
Раисҷумҳур таъкид кард, ки натоиҷи имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ паст будани сатҳу сифати таълим дар макотиби кишварро ошкор сохтаааст: “Натиҷаҳо ошкор сохт, ки сатҳу сифати таълим дар кишвар беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад ва масъулони соҳаи маориф, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки ба сифати таълим диққати махсус диҳанд ва назоратро дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар пурзӯр намоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон аз шикояти бархе аз довталабон низ ёдовар шуда, афзуд, ки имсол аз ҷамъи умумии довталабон ҳамагӣ 66 нафар аризаи шикоятӣ навиштаанд, ки аз ин ҳисоб 44 нафар бо сабабҳои техникӣ иштибоҳ кардаанд. Раисҷумҳурим кишвар дар идома ба масъалаи табъу нашри китобҳои дарсӣ низ дахл карда, аз масъулини Вазорати маориф ҳалли мушкилҳои ҷойдошта дар ин самтро хостор шуд. Ӯ гуфт, масъулини Вазорати маориф бояд ҳангоми таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва меъёрҳои забони давлатиро риоя кунанд, чун ба қавли ӯ, пурмазмуну бехато интишор ёфтани китобҳои дарсӣ шарти зарурӣ ва талаботи давлатӣ ба шумор меравад: “Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҳангоми чопи китобҳои нав ба саросемагӣ роҳ надода, онҳоро қаблан аз назари омӯзгорони пуртаҷриба, мутахассисон ва муҳаррирон гузаронида, баъди санҷидан дар мактабҳои таҷрибавӣ тавассути Шӯрои миллии таҳсилот ба нашр тавсия намояд”.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин хостори тарҷума шудани бархе аз китобҳои дарсӣ, аз ҷумла таърихи халқи тоҷик, ҷуғрофия ва монанди инҳо аз забони тоҷикӣ ба русӣ шуда, таъкид кард, ки дар дохили кишвар ба теъдоди зарурӣ чоп кардани китобҳои дарсӣ барои мактабҳои забони таҳсилоташон русӣ ниёзе пеш омадааст ва иҷрои ин кор вазифаи масъулони соҳа мебошад: “Ҷиҳати амалӣ намудани ин тадбирҳо маблағҳои давлатӣ ва лоиҳавӣ пешбинӣ шуда, босифат ба анҷом расонидани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи масъулони соҳаи маориф мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |