Сайидпарвизи Фаттоҳ: Нақби Истиқлолро русҳо ниматамом монда буданд (АКСУ ВИДЕО)

Сайидпарвизи Фаттоҳ, сарпарасти кулли Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон мегӯяд, дар суҳбати қарибулвуқуяш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мавзӯи доштани як дафтари хуб дар шаҳри Душанберо ба миён мегузорад.
Ӯ 31 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “мехоҳем як дафтари хуби худро дар Тоҷикистон дошта бошем, ки дорои синфхонаҳо бошад, то мардум омада дарс биомӯзанд. Аз президенти Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ба мо ҷоеро барои бунёди чунин дафтар иҷозат бидиҳанд”.
Ба қавли вай, дафтари феълии онҳо дар пойтахти Тоҷикистон манзили иҷораи муваққатӣ буда, синфхонаҳо надорад. Оқои Фаттоҳ афзуд, дар сурати пешниҳоди ҷой барои бунёди дафтар ё биное барои фаъолият, кори онҳо муассир хоҳад шуд.
Сарпарасти кулли Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ дар доираи як сафари корӣ вориди Душанбе шудааст ва мегӯяд, чун дар гузашта зиёд меҳмони Тоҷикистон мешуд, мехоҳад аз чанд тарҳи муштараки ду кишвар дидан кунад: “Вақте вазири нерӯи Эрон будам сафарҳои зиёде ба Тоҷикистон доштам. Масъули муштараки комиссияи Эрон ва Тоҷикистон будам. 10 сол пеш санги Нерӯгоҳи барқии “Сангтуда-2”-ро бо президенти кишвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта будем ва имрӯз аз ин нерӯгоҳ боздид кардам. Он як лоиҳаи хубе шудааст”.
Ба қавли оқои Фаттоҳ, инчунин дар ҷараёни ин сафар аз нақби Истиқлол дидан хоҳад кард. Ӯ гуфт, ҳарчанд ҳоло масъулияте дар робита ба ин тарҳ надорад, аммо ба он алоқа дорад: “Рӯзе ки омадам, 10 соли қабл русҳо онро ниматамом гузошта рафта буданд. Ман ба олиҷаноб гуфтам, ки масъулият мепазирам, ширкати “Собир” моли мо буд. Омадем ворид шудем ва сареъ корро шурӯъ кардем”.
Ироаи кумакҳо ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Тоҷикистон аз ҳадафҳои аслии сафари Сайидпарвизи Фаттоҳ ба Душанбе гуфта мешавад: “Рӯзҳои наздик ба зарардидагони вилояти Бадахшон ва ноҳияи Рашт кӯмак хоҳем кард. Кумакҳо бештар колоӣ аст, аз қабили гилему болопӯш, яхдон, равған, биринҷ, шакар, макарон ва хокаи шустӯӣ иборат буда, инчунин чанд манзили харобшударо дар Бадахшон таъмир мекунем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |