Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизашро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфтааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома унвонии Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон ӯ ва мардуми ин кишварро ба муносибати солгарди Рӯзи истиқлол табрик кардааст.
Дар номаи табрикоти раисиҷумҳур, ки дафтари матбуотиаш нашр кардааст, аз ҷумла омадааст: “Муҳтарам, Алмазбек Шаршенович, Солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ман имконияти хуберо фароҳам овардааст, ки Шумо ва тамоми мардуми кишваратонро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намоям”.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи номаи табрикӣ, аз равобити дӯстонаи ду кишвар ёдовар шуда, алоқамандии Тоҷикистонро барои ҳамкориҳо дар оянда иброз доштааст: “Тоҷикистон омода аст робитаҳои зичу асоснокро, ки бо принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод асос ёфтаанд, бо Қирғизистон роҳандозӣ намуда, ният дорад барои густариши устувор ва динамикии ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарду ҷониб тамоми корҳои заруриро анҷом диҳад”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар поёни табрикоташ ба Алмосбек Отамбоев сиҳатии комил, комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми қирғиз – хушрӯзӣ ва шукуфоиро таманно кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |