Умар Бобоҷонов барои ришаш латту кӯб шудааст?
Наздикони Умар Бобоҷонов, як сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат иддао доранд, ки маъмурони пулис ӯро барои ришаш латту кӯб кардаанд.
Абдулло Бобоҷонов, бародари Умар ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бародарашро шоми 28 август кормандони пулис барои ришаш мавриди латту кӯб қарор додаанд, ки баъдан дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳри Ваҳдат оварда шудааст. Табибон вазъи ӯро вахим гуфтаанд.
Умар Бобоҷонов донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи Санкт-Петербург будааст, ки дар таътили тобистона ба зодгоҳаш омадааст. Зоҳирҷон Соҳибов, яке аз дӯстони Умар, ки ҳангоми ҳодисаи латту кӯб бо ӯ будааст, ба «Озодӣ» гуфтааст, "мо дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар назди муҷассамаи “Модар” сайругашт доштем, ки ногаҳон се мошин омад ва 6-7 нафар аз онҳо берун шуданд. Онҳо ману Умарро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Латту кӯб карданд. Субҳи 29 август Умарро ба бемористон овардем, ки ҳолаш хеле вазнин буд."
Манбаъ мегӯяд, ҳудуди 100 нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат дар назди бемористони марказии ин шаҳр ҷамъ омада ва аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ доранд. Кормандони пулис нагузоштаанд, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар назди беморхонаанд, бо сокинон суҳбат кунанд. Акс аз "Озодӣ"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |