ВИДЕО: Ҳузури домоду арӯс бо мошини қадимӣ таваҷҷуҳи роҳгузаронро ҷалб кард
Ташрифи як ҷуфти арусу домод ба хонаи ақди нигоҳ бо мошини тавлиди солҳои 60-уми асри гузашта диққати атрофиёнро ба худ ҷалб кард. Роҳгузарон дар телефонҳои ҳамроҳи худ ин лаҳзаҳоро сабт мекарданд.
Наздикони домод ба хабарнигори “Озодагон”, ки тасодуфан шоҳиди ин ҳолат шуд, гуфтанд, бо чунин мошин барои сабти никоҳи расмӣ омадани домоду арус хоҳиши худашон буд: "Онҳо хостанд, ки тӯяшон хотирмон ва фарқкунанда бошад".
Мошинро домод идора мекард ва арӯс паҳлӯяш нишаста буд. Онҳо бидуни дафу сурнай вориди бинои ақди никоҳи Душанбе шуданд. Роҳгузарон барои тамошо меистоданд ва дар телефонҳояшон сабт мекарданд.
Бо мошини қадимии сохти шӯравӣ ба хонаи ақди никоҳ омадани ин ҷуфт барои он таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб намуд, ки маъмулан домоду арӯс аз мошинҳои гаронарзиш истифода мебаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |