Номаи таслияти сафири Эрон дар робита ба даргузашти Акбари Саттор
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии Иттифоқи журналистони кишвар дар робита ба даргузашти Акбари Саттор, рӯзноманигор ва раҳбари ин иттифоқ ҳамдардӣ баён кардааст.
Дар номаи сафири Эрон аз ҷумла омадааст, “даргузашти ҷаноби Акбари Саттор - раҳбари Иттифоқи журанлистони Тоҷикистонро ба наздикон ва ҳамкорони марҳум таслият гуфта, барои марҳум мағфират ва раҳмати илоҳию ба бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем”.
Раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зуҳри 28 августи соли равон аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ субҳи 29 август дар деҳаи Мортепаи ноҳияи Ҳисор - зодгоҳаш баргузор шуд.
Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор дар ҳоли ҳозир мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун", ки 5 нашрия тобеи он аст, бар уҳда дошта, ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |