Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як протокол аз тамоми вазорату идораҳо ва ниҳодҳои дигари давлатӣ талаб кардааст, дар шароити буҳрони молӣ маблағҳои буҷаро сарфакорона истифода карда, "аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ варзанд". Дар робита “Озодагон” ба коршиносон чунин суол дод: Иқдоми ахири ҳукумат метавонад, шиддати буҳронро поин барад?
Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
Ҳар маблағи буҷет, ки сарфакорона истифода бурда мешавад, метавонад шиддати буҳрони молиявиро коҳиш диҳад. Аз ҳамин нуқтаи назар, шахсан ман инро қабул дорам ва ин иқдом бори аввал ҳам нест, чандин сол аст рӯи кор меояд, вале мутаассифона иҷрои он аз ҷониби мансабдорон амалӣ нашуда истодааст. Барои ҳамин маблағҳои буҷетӣ бояд сарфакорона истифода бурда шаванд ва барои хароҷоти дувуминдараҷа то ҳадди ниҳоӣ бояд нуқта гузошта шавад.
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар
Ин мисли он аст ки шумо барои зимистон як тон ангишт захира кардаед. Аммо дар тобистону тирамоҳ 800 килои онро барои кабобпазиву ҷашни палаву намедонам каду масраф мекунед. Вақте зимистон фаро расид қарор медиҳед, ки бояд сарфакорӣ кард ва ин 200 кило ангиштро ба 4-5 моҳ хунукӣ расонд. Яъне барои ҳар рӯз якуним кило ангишт. Ҳатман якуним кило ангишт дар буҳрони хунукӣ ба шумо кумак мекунад. Аммо то кадом ҳад?
Табаралӣ ҒАНИЕВ, доктори илмҳои иқтисодӣ
Ҳар вазорату идораи давлатӣ вобаста ба талаботи ин протокол метавонад аз дидгоҳи худ мақсадгузориҳояшонро боз гуруҳбандӣ кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, иҷрои он масъалаҳое, ки аввалиндараҷаанду дувуминдараҷа хароҷотҳояшонро дида бароянд. Ин масъала боз аз ҳунари касбии роҳбарони вазорату идораҳо вобастагӣ дорад, ки то куҷо метавонанд дар ин самт муваффақ шаванд. Фикр мекунам ин тасмим бо таваҷҷӯҳ ба иҷро нагардидани буҷети давлатӣ гирифта шудааст. Супориш дода шудааст, ки қисме аз корҳое, ки дувуминдараҷаанд ва соли оянда имкони иҷро карданашон аст, мавқуф гузошта шаванд. Бубинед, дар нимсола қисмате аз андозҳо иҷро нашудаанд ва нимсолаи оянда ҳам ҳамин чизҳо мушоҳида мешаванд, аз ҳамин хотир чунин қарор қабул карда шудааст. Мақсад аз ин тасмим ба ҳолати буҳрон мувофиқ кардани хароҷотҳо аст.
Барот ЮСУФӢ, коршиноси масоили иқтисодӣ
Агар талаботҳои ин протокол амалӣ шаванд, то ҷое метавонад таъсир гузорад, вале гуфта наметавонем, ки он таъсири зиёд расонида тавонад, зеро буҳрони молии Тоҷикистон бештар аз омилҳои беруна вобастагӣ дорад. Чун бори аввал аст, чунин як протокол, дар мавриди то куҷо амалӣ шудани он феълан чизе гуфта наметавонам. Маълум аст, ки аз натиҷаи амалишавии ин протокол ниҳодҳои назоратӣ ба Дастгоҳи раисиҷумҳури кишвар гузориш медиҳанд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он бояд ниҳодҳои дахлдор назоратро ҷиддӣ баранд.
Зафар АБДУЛЛОЕВ, коршинос
Ба андешаи ман, чунин амали Ҳукумати Тоҷикистон характери психологӣ дорад ва мақсад аз он нишон додани ташабуси ҳукумат дар соҳаи мубориза бо буҳрон ва наздик шудан ба мардум аст. Дар асл чунин чораҳоро, чораҳои зиддибуҳронӣ ҳисоб кардан мушкил аст ва ба фикри ман натиҷаовар нест. Назарияи иқтисодӣ дар ҷаҳон исбот кард, ки ягона роҳи ҳалли ҳама мушкилиҳое, ки дар соҳаи иқтисодиёт пайдо мешаванд, дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурд мебошад. Иқтисодиёти миллӣ, ки аз ин ҷиҳат пурра таъмин шуд, бартарафсозии ҳар намуди бӯҳрон, аз ҷумла буҳрони молӣ, осон хоҳад шуд.
Алӣ МАСТОВ, таҳлилгар
Бо мақсаду оқилона сарф кардани буҷаи давлат ба вазъи иқтисодии кишвар набояд вобаста бошад. Иқдоми мазкур бад нест, аммо барои раҳоӣ аз мушкилоти иқтисодӣ он ба таври комил тарҳрезӣ нашудааст. Барои устувор шудани иқтисод барномаҳои сартосарӣ лозим аст, қабл аз ҳама дастгирии ҳаматарафаи тиҷорати хурду миёна аз тарафи давлат. Дар акси ҳол, ин танҳо хок пошидан ба чашми мардум асту халос.