Президент санги асоси беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологиро гузошт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар шаҳри Кӯлоб қарор дорад, барои бунёди Маркази перинатологии минтақавии беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб ва беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ санги асос гузоштааст.
Ба иттилои дафтраи матбуоти раисиҷумҳури кишвар, беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ тибқи лоиҳаи иншоот аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати сохтмони он 5658 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Манбаъ мегӯяд, дар тарҳи ошёнаи таҳхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ, ҳамзамон Маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир карда мешаванд: “Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи "Корезлоиҳа" маблағи сохтмони иншоот 12 миллиону 680 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 1 миллиону 440 ҳазор сомонӣ барои таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ равона гардидааст”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 700 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб мешаванд ва баъди бунёд бошад, дар ҳар ду иншоот беш аз 500 нафар мутахассисони ҷавони соҳа бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаъ, Маркази перинатологии минтақавии беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб аз таваллудхона, шӯъбаҳои бемориҳои навзодон ва кӯдакона, наҷот, бемориҳои занона, ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи табобати оҷилӣ ва бахшҳои ҷарроҳӣ равона гардидааст: “Иншооти сохташаванда аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати ҳудуди он 7 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |