Шурӯи мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба марги сарбоз Абдуваҳҳоб Қаюмов
Дар Додгоҳи ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мурофиаи судӣ дар иртибот ба ҳалокати Абдуваҳҳоб Қаюмов як сарбози қисми низомии "2747" шурӯъ мешавад.
Аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ имрӯз, 31 август ба “Озодагон” гуфтанд, қарор аст аввалин мурофиаи додгоҳӣ дар ин робита соати 10:00 оғоз шавад.
Ҷасади Абдуваҳҳоб Қаюмов, сокини ҳаждаҳсолаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар қисми низомии "2747", воқеъ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон адои хизмат мекард, 5 июл, баъд аз ду моҳи сарбозӣ ба волидонаш супорда шуд. Масъулини қисми низомӣ гуфтаанд, ӯ ҳангоми тамринҳои саҳроӣ ба ҳалокат расидааст, аммо волидонаш иддао доранд, дар пайи латту кӯб ҷон супурдааст.Акс аз "Озодӣ"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |