Даргузашти Акбари Саттор: “Талафоти бузург барои журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандист”
Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз олам даргузашт.
Наздикони ҷаноби Саттор дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, қалби раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имрӯз 28 август такрибан соатҳои 16:00 аз тапиш боз мондааст. Ба иттилои онҳо, қарор аст, ҷанозаи Акбари Саттор фардо, 29 август дар зодгоҳаш -- ноҳияи Ҳисор баргузор шавад.
Хилватшоҳи Маҳмуд, собиқ сардабири “Озодагон” даргузашти Акбари Сатторро барои журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон талафоти бузург медонад. Ӯ мегӯяд, Акбар Саттор нафаре буд, ки Иттиҳоди журанлистони қариб ба нобудӣ рафтаи Тоҷикистонро ба ҳам овардааст: "Барои ман ӯ танхо як раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон набуд. Ӯ нафарест, ки Иттиҳоди журанлистони қариб ба нобудӣ рафтаи Тоҷикистонро ба ҳам оварда, аз як созмони ҷамъиятии журналистон дар кишвар, аз ҷумла дар маҳдудаи собиқ шӯравӣ баъд аз истиқлолият хабар дод. Акбар Саттор барои ман бародар, дӯст ва рафиқест, ки тайи беш аз 20 сол бо ҳам рафтуои хонаводагӣ ва бародарӣ доштем. Даргузашти Акбар Саттор дар синни 50-солагӣ талафоти бузург на танҳо барои журналистон, балки барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистону гуруҳи азизону дустон ва рафиқони ӯст. Ҳамагӣ се рӯзи қабл бо Акбар Саттор ҷое нишаставу суҳбате доштем, аммо чи метавон гуфт. Бозгашти ҳамаи мо ба сӯи Ӯст".
Абдумалик Қодиров, раҳбари намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон мегӯяд, ВАО-и тоҷик ва муҳити иттилоотии Тоҷикистон хеле талафоти зиёде дид: “Акбари Саттор яке аз онҳое буд, ки муҳити иттилоотиро дар солҳои аввали истиқлол сохт. Ӯ нафарест, ман наметавонам бигӯям, нафаре буд, аз аввалинҳо шуда ВАО-ро ҳамчун раванди соҳибкорӣ ба роҳ андохт”.
Оқои Қодиров афзуд, Акбари Сатор рӯзномаҳои гунонро рушд дод ва тавонист, ки дар шароити вазнин ин ВАО-ро рӯи кор овард: “Ин ҳунари баланди соҳибкории инсонро нишон медиҳад. Ӯ инсонест, ки каси эхтиёҷмандро ноумед гусел намекард. Хосатан дар солҳои буҳрони иқтисодӣ, ки рӯзноманигорон як қишри осебпазир буданд”.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба “Озодагон” Акбари Сатторро симои барҷастаи журналистикаи тоҷик унвон кард. Ӯ гуфт, “вай тавонист дар амалияи журналистика муваффақ шавад. Ва соҳиби чанд расона, нашриёт ва раҳбарии созмони журналистиро ба уҳда дошт. Даргузашти Акбари Саттор ин талафоти бузург на танҳо барои ҷомеаи журналстӣ, балки барои Тоҷикистон низ ҳаст, ки ҳамин гуна шахс бемаҳал аз байн рафт”.
Зафари Сӯфӣ, муассиси гуруҳи расонаҳои “Озодагон”: “Бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст! Вақте хабари марги нобаҳангоми як ДӮСТ ва як ҳамсоли ҶАВОНМАРДи ҷавонмаргатро мешунавӣ мағзат холӣ мешудааст. Ашк намегузорад чизе нависам... Акбари Саттор тайи ин чанд соли ахир ПАДАРи журналистикаи тоҷик буд. Ман худ шоҳидам, ки чандин ҳамкасбони моро аз ҳуҷуми ину он пуштибонӣ кард. Мо ҳам дар ин миён аз пуштибонияш бенасиб набудем. Афсӯс, афсӯс, афсӯс... Ба пирӣ мерасад хори биёбон, Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад...”
Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори “ИмрӯзНюс” даргузашти раҳбари Иттифоқи журналистонро фоҷиаи бузург гуфт: “Ӯ шахсияте аст, ки маргаш боварнакарданист. Даргузашти ӯ ба маънои аз як қанот маҳрум шудани журналистика аст”. Ӯ мегӯяд, "Акбар як одами ростгӯву ростқавл буд. Одаме, ки дар гапаш устувор аст. Дурӯягиро намепазируфт. Дар ҳама ҳолат ҳарфи худашро мегуфт. Журналситикаро аз ҳама боло медонист.
Соҷидаи Мирзо, мудири Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ: “Бисёр як марги нобаҳангом ва такондиҳанда. Акбар журналаисти хуб буд, ташкилотчии хуб буд, инсони хоксор, баландҳиммат, миллӣ, дилсоф ва саховатманд буд. Одил буд ва меҳрубон. Ҷойи ӯ дар майдони матбуот ва дар дили дӯстон холӣ мемонад”.
Абдуқаюм Қаюмзод, рӯзноманигори маъруф: “Бо Акбари Саттор корро дар нашрияи “Ҷумҳурият” дар як кабинет шурӯъ кардем. Мо ҳатто дар як стул нишастем. Аввалин навишатҳои ӯро таҳрир мекардам. Бо ӯ хеле дӯсти наздик будам. Ӯ аз нахустин касоне буд, ки ба ҷони матбуоти тоҷик ҷони тоза бахшид. Як ташкилоти комилан шахшударо зинда кард. Бо рафтани нобаҳангомаш матбуоти Тоҷикистон зарари калон дид”.
Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ҳарчанд бо Акбари Саттор аз наздик хеле ошно набуд, аммо дар чанде аз маҳофил ва ҳамоишҳои марбут ба рӯзноманигорон бардошташ аз ӯ ин буд, ки инсони меҳрубону покниятест ва ғами рӯзноманигоронро мехӯрад: “Инсони шӯх, хушзавқу хушдил ва гушодарӯе буд ва достонҳои ҷолибе аз сафарҳояш ва аз даврони гузашта нақл мекард, ки ҳамагонро шоду хушҳол месохт ва ханда ба рӯяшон медавид. Ба унвони раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорон бештар талош мекард аз роҳҳои мухталиф, аз ҷумла бо миёнаравӣ, масоили матбӯъот ва рӯзноманигоронро ба наҳви аҳсан ҳал кунад. Дареғ, ки умр ба ӯ вафо накард, чун метавонист корҳои бузургу арзишманди дигаре барои матбӯъот ва ҷомеъаи рӯзноманигории Тоҷикистон анҷом диҳад”.
Профессор Иброҳим Усмонов, роҳбари Бунёди “Гуфтугуи тамаддунҳо” мегӯяд, Акбари Саттор яке аз аввалин нафаронест, ки иттиҳоди парокандашудаи рӯзноманигорони Тоҷикистонро сарҷамъ кард: “Ӯ аз аввалинҳоест, ки ҷавононро ба иттифоқ овард. Мо умед мекунем, ки кори неки вай ҳамеша боқӣ мемонад ва ин на шиор аст, зеро рӯзномаи вай, китобҳои вай аз ин далолат мекунад. Журналисти нағз буд. Охираташ ба хайр бошад”.
Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор дар ҳоли ҳозир мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун", ки 5 нашрия тобеи он аст, бар уҳда дошта, ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
Ҳайати кормандони гуруҳи расонаҳои "Озодагон" аз марги Акбари Саттор сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш изҳори таслияти амиқ баён мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |