Ҳамчунин, бо ҳамин ҳолат монанд зимни таҳлил муайян карда шуд, ки хобгоҳи ҶСК «ҲУМО», воқеъ дар кӯчаи Алишери Навоӣ дорои 220 хонаи алоҳида буда, қисми зиёди истиқоматкунандагон худро коргарони ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ҳумо» муаррифӣ карданд. Тибқи маълумоти истиқоматкунандагон, онҳо моҳе як маротиба барои хонаи як ҳуҷрагӣ 30 ва барои хонаи 2 ҳуҷрагӣ 60 сомонӣ маблағ пардохт мекардаанд. Аммо мутаасифона ҷамъияти мазкур андози молу мулки ғайриманқули бинои хобгоҳро, ки 22 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, ба буҷет пардохт наменамояд. Бозори «Мадад» воқеъ дар кӯчаи Ҷомӣ, ки бо ҷалби беш аз 80 соҳибкори инфиродӣ фурӯши қисмҳои эҳтиётии нақлиёти истифодашуда ва ғайристифодашударо ба роҳ мондаанд, ба Салимов Сафар тааллуқ дошта, бо вуҷуди имкониятҳои мавҷуда дар назди буҷет аз андози молу мулки ғайриманқл зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Гарчанде аз ҷониби нозироти андози ноҳияи Сино роҳбарияти бозор борҳо огоҳонида шуда бошад ҳам, вале пардохти андоз то ҳанӯз мавқуф мемонад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |