Ш.Зуҳуров дар ИМА “қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳу рушди устувор”-ро баҳс мекунад
Шоми имрӯз, 28 август ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар барои ширкат дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо, ки то 5 сентябр идома меёбад, ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти муттаҳидаи Амрико сафар хоҳанд кард.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки ба ҳайати парлумонии кишвар, Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Дилшод Исматуллоев шомиланд.
Манбаъ мегӯяд, конфронси мазкур дар қароргоҳи Созмони милали муттаҳмид таҳти раисии Президенти Иттиҳоди байнипарлумонӣ ҷаноби Сабер Чаудлхарӣ баргузор шуда, дар он мавзӯъҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, демократия ва рушд мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ба иттилои ҷаноби Султонов, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар қатори дигар ширкаткунандаҳо дар мавзӯи “Қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ ва рушди устувор” суханронӣ мекунад.
Манбаъ мегӯяд, интизор меравад, дар хотимаи конфронс Эъломияи Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо қабул гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |