Барканории муовинони раҳбари "Барқи тоҷик" дар пайи нигаронии Э.Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон дар идомаи тағйироти кадрии худ бо қабули як қарор муовинони раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”-ро аз мақомҳои худ барканор кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, ин қарор дар ҷаласаи кории аъзои ҳукумати кишвар таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда, бар асоси он, Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ, Лашкарбекова Елена Анатолевна ва Амонулло Саъдуллоев аз вазифаи муовинии раиси “Барқи Тоҷик” озод шуданд. Ин дар щолест, ки як рӯз пеш, Раҳматзода Рустам Мирзо аз вазифаи раиси “Барқи Тоҷик” озод ва муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Ба ҷойи ӯ Исмоилов Мирзо Ибрагимович раиси ин ширкат таъин гардид.
Инчунин дар ин ҷаласа зикр шудааст, ки 50 дарсади кормандони дастгоҳи марказии “Барқи тоҷик” ихтисор шудаанд.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯяд, дар ҷаласаи мазкур раҳбари нави "Барқи тоҷик" -- Исмоилов Мирзо Ибрагимович, ки ахиран дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон ба ин курсӣ нишаст, ба аъзои ҳукумат муаррифӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти иқтисодию молиявии “Барқи тоҷик” шадидан изҳори нигаронӣ карда, аз роҳбарияти нави ширкат талаб намудааст, сиёсати кадрӣ, пулию молӣ ва фуруши барқро ба низом дароранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |