Иштироки беш аз 1600 сокини Суғд дар маъракаи “Ҳаҷ-2015”
Якуми сентябри соли равон 186 нафар Хуҷандро бо мақсади зиёрати хонаи Худо ва адои ҳаҷ тарк хоҳанд кард. Дар ин бора аз аз Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд ба “Озодагон” иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, сафарбарнамоии ҳоҷиёни оянда то 11 сентябри соли равон сурат мегирад ва имсол беш аз 1650 сокини вилояти Суғд барои тавофи Каъба мераванд.
Ин дар ҳолест, ки Обидҷон Шарофов, мудири Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд дар нишасти хабарие рӯзи 21 июл дар шаҳри Хуҷанд гуфт, зиёда аз 30 ҳазор сокини вилоят барои рафтан ба зиёрати хонаи Худо дар навбатанд: “Бештари дар навбатбудаҳо сокинони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Исфара ва Панҷакент мебошанд. Инчунин, бояд гуфт, ки то имрўз ҳуҷҷати 1655 нафар сокини вилоят омода шуда, ба Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон фиристода шудааст ва аз ин теъдод 912 нафарро мардон ва 743 танро занон ташкил дода, 4 нафар бо квотаи президентӣ ройгон ба зиёрати хонаи Худо мераванд”.
Ба иттилои номбурда, “ин 4 нафарро раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Истиқлол ва Спитамен хидматҳояшонро дар назди давлат ба назар гирифта, пешниҳод кардаанд”.
Ҷаноби Шарофов дар идомаи суҳбаташ маблағи сафари ҳаҷи имсолро 1584 доллар гуфт: “Дар назар аст, 9 парвоз анҷом шавад”.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Пардохти маблағи ҳаҷҷи соли гузашта 18 ҳазору 164 сомониву 92 дирамро ташкил медод ва ба қавли мақомот, дар ин хизматрасониҳо пули чиптаи ҳавопаймо (рафту бозгашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, 3 маротиба ғизо дар як рўз, хидмати роҳбаладон, кўмаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |