Дарёфти 14 кг маводи мухаддири мутаалиқ ба масъули Комиссари ҳарбии Хоруғ
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти як масъули баландпояи Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар пайи амалиёти муштараки хадамот бо Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон аз дохили мошини тамғаи “Тайота-кемри” маводи мухаддир дар ҳаҷми зиёдтар аз 14 кило ёфт шудааст. Манбаъ мегӯяд, муайян гардид, ки ин маводи нашъадор ба Шараф Седшоев, ёрдамчии калони комиссари шаҳри Хоруғ -- сардори зершӯъбаи 2-юми Комиссариати ҳарбии Хоруғ таалуқ дорад.
Ба иттилои Хадамоти гумрук, Седшоев маводи мухаддирро бар ивази 3500 доллар аз як шаҳрванди Афғонистон харидорӣ намуда, бо маслиҳати пешакӣ онро ба Сарвар Имомдодов медиҳад, ки дувумӣ ба шаҳри Душанбе интиқол додааст: “Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.Аксҳо аз торнамои Хадамоти гумрук
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |