(АКСУ ВИДЕО) Сардухтури Хонаи кӯдакон: Фарзанд бояд дар оғуши модар ба воя бирасад
Масъулини Хонаи кӯдакони рақами яки пойтахт мегӯянд, дар қиёс ба чанд соли пеш теъдоди тифлоне, ки волидон аз баҳри онҳо гузаштаанд, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Саодат Набиева, сардухтури хонаи кӯдакони №1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ду соли охир теъдоди кӯдаконе, ки волидон аз баҳри онҳо гузаштаанд ё тифлоне, ки аз кӯчаҳо ёфт шудаанд, нисбати солҳои қабл кам шудааст: “Ин албатта боиси хурсандӣ аст. Агар солҳои пеш дар як сол аз 30-40 кӯдак даст мекашиданд, ҳоло ин рақам хеле кам шудааст”.
Ӯ мегӯяд, бештари ин кӯдаконро аз кӯча, партовгоҳ ва боғҳо пайдо мекарданд, ки бештарини онҳо навзод буданд: Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯдаконеро низ, ки дар кӯчаву бозор гум шудаанд, ба Хонаи кӯдакон меоранд”.
Сардухтури Хонаи кӯдакони №1-и пойтахт мегӯяд, шояд далели коҳиш ёфтани мизони партофта шудани кӯдакон баланд шудуни шуурнокии модарон бошад.
Ба гуфтаи хонум Набиева, феълан дар Хонаи кӯдакон 88 кӯдак тарбия мегирад, ки тифлони то 4-сола ва маъюбони то 6-сола мебошанд: “Ин кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, хонаводаҳое, ки падар ё модар надоранд ё яке аз волидонашон дар маҳбасанду бо далели фақирӣ аз онҳо даст кашидаанд, бо қарори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Хонаи кӯдакони мо муввақатан ҷой карда шудаанд”.
Саодат Набиева афзуд, соли 2013 бо тасмими Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 23 нафар ба фарзандхонӣ дода шуд, ин рақам соли 2014 ба 15 нафар расид. Шурӯъ аз соли 2015 то имрӯз 15 нафар ба фарзандхонӣ дода шудааст: “Аз 88 кӯдаке, ки дар Хонаи кӯдакон тарбия гирифта истодаанд, 11 нафарашон партофташуда мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мо оварда шудаанд. Агар муддати 6 моҳ ягон нафар ба айёдати кӯдак набиёяд, баъд аз дархост ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак онҳо ба фарзандхонӣ дода мешаванд”.
Ба гуфтаи сардухтур, дархост барои писарону духтарон ҷиҳати қабули фарзандхонӣ баробар аст: “Онҳоро оилаҳои бефарзанд ё камфарзанд мегиранд. Тӯли чанд соле, ки инҷо фаъолият мекунам, ягон кӯдак ба шаҳрвандони хориҷӣ ба фарзандхонӣ дода нашудааст, чунки иҷозат нест”.
Дар поёни суҳбат хонум Набиева гуфт, “ҳарчанд шароит дар Хонаи кӯдакон хуб аст, аммо кӯдакон ба меҳру муҳаббати волидайн ва оғуши модар ниёз доранд. Фикр мекунам фарзанд бояд дар назди падару модар ба воя расад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |