Сохтмони манзилҳои муштариёни даъвогар ба анҷом расид. Охунов афв мешавад?
Сохтмони манзилҳои истиқоматии марбут ба ширкати "Мовароуннаҳр"-и Ҷӯрабек Охунов, соҳибкори зиндонӣ, ки барои муштариёни даъвогараш пешбинӣ гардидаанд, ба анҷом расидааст. Дар ин бора, имрӯз, 26 август Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ширкати “Мовароуннаҳр” ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, сохтмони ду бинои 13 ошёна дар маҳаллаи “Гипрозем” ва ду 10 ошёна дар кӯчаи “Маяковский”-и пойтахт ба итмом расида, вале барои соҳиб шудани ин манзилҳо муштариён бояд маблағи боқимондаро пардохт намоянд.
Ҷаноби Ёров иброз дошт, дар сурати пардохт шудани маблағи боқимондаи манзилҳо, бидуни мушкиле хонаҳо ба муштариёни даъвогар, ки беш аз 20 нафарро ташкил медиҳанд, дода хоҳанд шуд. Бузургмеҳр Ёров қаблан дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, қонуни афв нисбати Ҷӯрабек Охунов, ки бо ҳукми додгоҳ 14 сол аз озодӣ маҳрум шуд, дар ҳоле татбиқ мегардад, ки 29 муштарии даъвогари ширкаташро бо хона таъмин кунад.
Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" моҳи октябри соли 2010 боздошт шуда, Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро тобистони соли 2012 бо иттиҳоми қаллобӣ, пешбурди тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои мардум ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Бо татбиқи қонуни афв зимни эълони ҳукм сеяки ин муҳлат кам гардида, санаи адои ҷазо аз таърихи боздошти ӯ - моҳи ноябри соли 2010 ҳисоб карда шуд.
Қаблан Нусратулло Абдуллоев, собиқ раиси Суди олӣ дар ин робита гуфт, Охунов бо модаи 247-и Кодекси ҷиноӣ барои 7 солу 8 моҳ равонаи зиндон шудааст, ки қисми 4-и ин модда ҷаримаро пешбинӣ мекунад. Агар судшаванда товони заррари расонидашударо пурра таллофӣ кунад, озод карда мешавад.
Қаблан мақомот иддао доштанд, ки Ҷӯрабек Охунов ба беш аз 500 муштарии ширкаташ ҳудуди 58 миллион сомонӣ зарар расондааст, аммо баъди боздошти ӯ масъулини ширкат тавонистанд бисёре аз муштариёни ширкатро бо хона таъмин кунанд. Дар зимн, бархе наздикони ӯ гуфтанд, агар Охунов ҳабс намешуд сохтмони хонаҳо аз ин ҳам зудтар ба анҷом мерасид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |