Пас аз протоколи №9. Дастури сарвазир барои коҳиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёт
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласае роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулони соҳаро муваззаф кардааст, ҷиҳати коҳиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар тадбир андешанд.
Ин ҷаласа имрӯз, 25 август дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, нахуствазири Тоҷикистон ба масъулин дастур додааст, барои “таъмини мунтазами бозори истеъмолии кишвар бо захираҳои молӣ бо истифода аз имконоти дохилӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот, таъмини бемайлони талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти асосии озуқаворӣ ва истифодаи ҳатмии захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои саривақтӣ андешида, барои дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи доимамалкунандаи тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод намоянд”.
Ҳадаф аз ҷаласаи мазкур “татбиқи нишондиҳандаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ доир ба тақвияти иқтидори истеҳсолоти ватании воридотивазкунанда ва дастгирии соҳибкорӣ” гуфта мешавад.
Баргузории ин ҷаласа дар ҳолест, ки ахиран бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 9 протоколе тасвиб шуд, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор кардааст, маблағҳои буҷети давлатиро танзим ва назорат намоянд. Аз Вазорати молия ба “Озодагон” гуфтанд, протоколи мазкур бо назардошти буҳрони молиявӣ таҳия шуда, дар он таъкид мешавад, ки “ҷиҳати таъмини хароҷоти самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ, сарфаю сариштакорӣ роҳ надодан ва исрофкорӣ мунтазам чораандеши намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |