Ҳабси тӯлонии ду келин барои куштор ва сӯзондани хушдоман

Додгоҳи вилояти Хатлон имрӯз, 25 август, Ойгул Пардаева ва Сафаргул Азимова, ду келини як хонадон дар ноҳияи Қубодиёнро, ки дар куштору оташ задани хушдоманашон муттаҳам мешуданд, равонаи зиндон кард.
Темур Бойзода, муовини раиси Додгоҳи Хатлон имрӯз, 25 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Ойгул Пардаева ва Сафаргул Азимова тибқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои "в", "е", "з", яъне куштори махсусан бераҳмона муҷрим шинохта шуда, аввалӣ 22 ва дувумӣ 21 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Ҷаноби Бойзода қайд намуд, ки зимни мурофиаи додгоҳӣ Ойгул Пардаева ба гуноҳаш қисман ва Сафаргул Азимова пурра иқрор шуданд: “Ин ду келини як хонадон метавонанд давоми 10 рӯзи оянда аз ҳукми додгоҳ шикояти кассатсионӣ баранд”.
Охирҳои моҳи майи соли равон Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду келини як хонавода дар ноҳияи Қубодиён хабар дода, гуфт, хушдоманашонро ба қатл расонда, ба пулис гуфтаанд, гум шудааст. Он замон ин ниҳод, хабар дода буд, ки моҳи январи соли равон наздикони Норгул Азимоваи 56-сола, сокини ҷамотаи деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён оид ба бедарак гардидани ӯ ба ШКД-и Қубодиён муроҷиат кардаанд. Ба иттилои манбаъ, наздиконаш гуфтаанд, Норгул Азимова гӯиё шоми 26 ба 27 декабри соли 2014 ба самти номаълум рафта, ба ҳамин бедарак гардидааст: “Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки Норгул Азимова бедарак не, балки бо як бераҳмии махсус аз ҷониби келинҳои хонадон ба қатл расонида шудааст. Ду келини Норгул Азимова бо маслиҳати пешакӣ, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ӯ нақшаи ҷинояти кушторро кашида, бо истифода аз офтоба ва санг ба сару руй ва тани Норгул Азимова задаанд”.
Дар як гузориши видеоии омодакардаи дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ низ келинҳо тасдиқ мекарданд, ки хушдоманашонро бо офтобаву санг зада, баъдан ӯро оташ задаанд. Яке аз келинҳои ин зан ҳолати латту кӯбу хушдоманашро чунин шарҳ дода буд: “Аввал якто задам, баъд бо санг дар сараш задем, беҳуш шуд, берун баровардем. Ба чуқурӣ партофта, баъд Сафаргул бензинро дар болояш рехт ва зажигалка алов зад. Хушдоманам аз ҷояш хеста ин пара он пара худашро мепартофт”.
Ба иттилои манбаъ, хокистарро келинҳо ба дарё андохтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |