Хабарнигори “Озодагон” – Сайф САФАР бо Камолиддини БОЗӢ, устоди риштаи иқтисод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон перомуни коҳиши бошиддати қурби рубли русӣ дар кишвар ва имзои протокол аз сӯи ҳукумат ҷиҳати муқобила бо буҳрони молӣ суҳбате анҷом дод.
Озодагон: Далели поин рафтани қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон чӣ аст?
Камолиддини Бозӣ: “Яке аз далоили бунёдии поён рафтани қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон вобастагии иқтисодиёти кишвари мо аз иқтисодиёти Русия ё худ аз маблағҳои интиқолгардидаи муҳоҷирони тоҷик аз он ҷо мебошад. Ҳамин, ки рубли русӣ дар бозори худи Русия ва бозори ҷаҳонӣ поин рафт, дар мо ба таври утумот поин меравад”.
Озодагон: Мегӯянд, уфти қурби рубли русӣ ба поин рафтани қурби сомонӣ ҳам таъсир дорад?
Камолиддини Бозӣ: “Уфти қурби рубл ҳатман боиси уфти қурби сомонӣ мегардад, аммо бояд қайд намоем, ки ин таъсир ба арзиши сомонӣ нисбат ба дилхоҳ воҳиди пулии давлатҳои хориҷӣ метавонад гуногун бошад. Масалан, дар бозори асъори давлатҳои Осиёи Миёна қурби ҳамон кишваре бештар поин меравад, ки агар аз иқтисодиёти Русия камтар вобаста буда, содироти нисбатан бештар дошта бошад”.
Озодагон: Аз мушоҳидашои Шумо Тоҷикистон барои пешгирии таъсири уфти қурби рубли русӣ ба сомонӣ ва умуман ба иқтисод чӣ барномаеро рӯи даст гирифтааст?
Камолиддини Бозӣ: “Албатта дурнамо ва барномаҳои аз тарафаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазоратҳои марбут дар ин самт кам нестанд. Аммо чӣ гунае, ки дар боло қайд намудем барои Тоҷикистон, ки камтарин таъсирро ба бозори ҷаҳонӣ надорад ва 60 фоизи иқтисодиёташ танҳо аз интиқоли муҳоҷирон ва танҳо аз як кишвар вобаста мебошад, фикр намекунам ин барномаву дурнамоҳо то андозаи таъсири тағйирот дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар ва сатҳи таваррум бошанд. Яъне, нақши тағйирот дар бозори ҷаҳонии асъор ба қурби сомонӣ аз таъсиир сиёсат ва барномаҳои дохилӣ калидитар аст”.
Озодагон: Дар пайи буҳрони феълӣ ҳукумат бо имзои як протокол вазорату идораҳои давлатиро вазифадор кард, маблағҳои буҷаи давлатиро назорат кунанд ва аз хароҷотҳои дувуминдарҷа ба монанди истифодаи мошинҳои даст бикашанд. Ба андешаи Шумо ин тасмим то кадом андоза корагар аст?
Камолиддини Бозӣ: “Ростӣ дар ин хусус то ҳол маълумот надоштам, аммо вазифадор намудани вазорату идораҳо барои назорати маблағҳои буҷаи давлатӣ ва бардоштани хароҷоти дуюминдараҷа барои як кишвари 24 сола дер шудааст. Ин мавзӯъ бояд кайҳо ҳалли худро меёфт. Мутаассифона, даст кашидан аз мошинҳои хизматӣ барои буҷет сабуктар аз хариди мошинҳои шахсӣ нест. Фикр намекунам кормандони мақомоти назораткунанда сартосар соҳибкор бошанд”.
Озодагон: Як истилоҳи иқтисодӣ “свободное плавание”аст, ки ҳангоми поин рафтани қурби пул аз он кор мегиранд. “Свободное плавание”аслан чӣ аст ва оё мешавад онро дар Тоҷикистон таҷриба кард?
Камолиддини Бозӣ: “Свободное плавание” ё нархи арзи шиновар агар оддӣ бигӯем ҳавола кардани қурби асъор ба худи бозор аст. Яъне, дар ин росто қурби асъорро худи фурӯшандаҳо ва харидорони бозори асъор муайян менамоянд. Фикр мекунам агар дар Тоҷикистон аз ин равиш кор бигиранд сабаби боло рафтани қурби як қатор пулҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла доллари Амрико мегардад, ки бевосита арзиши зистро дар Тоҷикистон боло мебарад. Инро бештар давлатҳое ба кор метавонанд бубуранд, ки нақши содироташон дар иқтисодиёти кишварашон назаррас аст. Мо, ки ҳатто об - нӯшокиҳоро бо доллар аз ҳамсоякишварҳо ворид менамоем, фикр мекунам барои истифода аз ин усул бароямон ҳанӯз фурсат нарасидааст”.