Tcell: Барои бастани “Ютуб”-у "Фейсбук" дастур нагирифтаем
Ширкати мобилии Тселл мегӯяд, шабакаҳои иҷтимоиро масдуд накарда ва барои ин кор дастуре ҳам нагирифтааст.
Як масъули ин ширкат, имрӯз 25 август ба "Озодагон" гуфт, ҳеч дастури хаттӣ ва шифоҳие барои масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дарёфт накардаанд: "Тавассути ширкати мо бе ягон мушкил шабакаҳои иҷтимоӣ боз мешавад".
Ин дар ҳолест, ки аз субҳи имрӯз дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии "Фейсбук" ва "Ютуб" тариқи бархе ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон масдуд шудааст. "Озодӣ" бо такя ба як манбааш аз Хадамоти алоқа навишт, дар нимаи дувуми рӯзи душанбе ба ширкатҳои интернетрасон гуфтаанд, "Фейсбук" ва "Ютуб"-ро барои як муддат масдуд кунанд. Аммо ин манбаъ далели масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоиро шарҳ надода, танҳо гуфтааст: “Субҳи имрӯз низ ба ширкатҳои дастраскунандаи Интернет нома фиристода шуд, то ин ду шабакаи иҷтимоиро муваққатан бубанданд".
Масдуд шудани сомонаҳо, ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон амали нав нест. Дар гузашта низ борҳо чандин торнамоҳо дастнорас шудаанд. Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет мегӯянд, бо дастури Хадамоти алоқа ин кор анҷом мешавад. Аммо Алибек Бекназаров, сардори департаменти иттилоотонии Хадамот рӯзи 30 июли соли равон дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, онҳо ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет барои масдуд кардани торнамоҳо дастуре надодаанд. Оқои Бекназаров афзуд, вақте ширкатҳои мобилӣ ё фароҳамкунандаи интернет мегӯянд, бо дастури Хадамоти алоқа торнамоҳоро масдуд ё дастнорас кардаанд, аз онҳо нусхаи ин дастурро талаб кунед. Ӯ дар идома гуфт: “Кӣ, кай дар куҷо супориш додааст? Ба кадом ширкат Хадамоти алоқа супориш додааст, ба кадом тариқ - хаттӣ ё шифоҳӣ? Ба ҳамон ширкате, ки шумо аз интернеташ истифода мебаред, муроҷиат кунед, то ба шумо ҳамон дастурро бидиҳад”.
Бори охир шабакаҳои иҷтимоӣ замоне масдуд шуд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон баъд аз як моҳ бедаракӣ, рӯзи 27-уми майи соли равон дар навори видеоие аз пайвастанаш ба созмони террористии “Давлати исломӣ” хабар дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |