Дилшод Ҷӯраев муовини Рустами Эмомалӣ шуд
Дилшод Ҷӯраев, раҳбари Федератсияи футболи шаҳри Душанбе ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст.
Тавре аз ФФТ иттилоъ доданд, интихоби Ҷӯраев дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ рӯзи 24 август сурат гирифт. Дилшод Ҷӯраев гуфтааст, талош мекунад боварии кумитаи иҷроияро бароварда созад ва ҳамроҳ бо дастгоҳи Федератсия корҳои назаррасе анҷом хоҳад дод.
Дар ҷаласа инчунин таъкид шудааст, ки бо тасмими Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ масъулияти дабири кулли ФФТ бар души муовини аввал -- Хуршед Мирзоев гузошта шудааст.
“Дар ҷаласаи мазкур сохтори нави федератсия тасдиқ шуда, нақшаи ситоди нави муррабиён баррасӣ гардид”, -меафзояд манбаъ.
Рустами Эмомалӣ писари бузурги раисиҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло раҳбарии Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистонро бар уҳда дорад, 5 январи соли 2012 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |